Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 27:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Қасам ба ҳаёти Худо, ки Ӯ маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст, ва ба ҳаёти Қодир, ки ҷони маро талх кардааст,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 27:2
26 Iomraidhean Croise  

Ва Юоб гуфт: «Касам ба ҳаёти Худо, ки агар ту он суханонро намегуфтӣ, аз худи субҳ қавм дунболагирии бародарони худро бас мекарданд».


Ва Ильёси тишбӣ, ки аз сокинони Ҷилъод буд, ба Аҳъоб гуфт: «Ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки ба хузураш истодаам, қасам мехӯрам, ки дар ин солҳо шабнам ва борон нахоҳад борид, магар ки бар тибқи каломи ман».


Ва Ильёс гуфт: «Ба ҳаёти Худованди лашкарҳо, ки ба хузураш истодаам, қасам мехӯрам, ки имрӯз худро ба вай нишон хоҳам дод».


Ва назди марди Худо ба кӯҳ расида, ба поҳояш часпид. Ва Ҷеҳазӣ наздик омад, то ки варо дур кунад, вале марди Худо гуфт: «Варо вогузор, зеро ки ҷонаш талх шудааст, ва Худованд аз ман пинҳон дошта, ба ман маълум накардааст».


Оё барои Ту хуб аст, вақте ки ситам мекунӣ, вақте ки аз амали дастҳои Худ нафрат менамоӣ, ва бар машварати шарирон нурафкан мешавӣ?


Худо маро ба ноинсофон таслим намудааст, ва ба дасти шарирон маро супурдааст.


Пас бидонед, ки Худо дар ҳаққи ман каҷкорӣ намудааст ва бо тӯри Худ маро печонда гирифтааст.


Худо дар дили ман ваҳм андохтааст, ва Қодир маро ҳаросон кардааст,


Зеро ки Айюб гуфт: „Ҳақ ба ҷониби ман аст, вале Худо маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст;


«Оё инро адлу инсоф ҳисоб мекунӣ, ки гуфтаӣ: „Ман аз Худо одилтарам“?


Онҳоро якҷоя дар хок ниҳон намо ва рӯйҳошонро дар ниҳонхонае банд кун.


Чунки Ӯ маро бо тундбоди хашмаш шикаст медиҳад, ва ҷароҳатҳои маро бесабаб афзун мекунад,


Маро намегузорад, ки нафаси худро рост кунам, балки маро аз талхиҳо сер мекунад.


Пас чаро, эй Яъқуб, ба забон меронӣ, ва эй Исроил, мегӯӣ: «Роҳи ман аз назари Худованд гум шудааст, ва даъвои ман аз Худои ман дур афтодааст»?


Ва агар онҳо роҳҳои қавми Маро ба хубӣ таълим гирифта, ба исми Ман, яъне „ба ҳаёти Худованд“ гӯён қасам ёд кунанд, — чунон ки онҳо ба қавми Ман таълим дода буданд, ки ба Баал қасам ёд кунанд, — дар он сурат онҳо дар миёни қавми Ман ҷойгир хоҳанд шуд.


Ва агар дар ростӣ, инсоф ва адолат „ба ҳаёти Худованд!“ гӯён қасам ёд кунӣ, он гоҳ халқҳо дар вай баракат хоҳанд хост ва бо вай фахр хоҳанд кард».


Ва агарчи онҳо „ба ҳаёти Худованд!“ мегӯянд, лекин қасамашон бардурӯғ аст».


Ба онҳо бигӯй: „ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, Ман мурдани шарирро хоҳон нестам, балки онро, ки шарир аз роҳи худ тавба карда, зинда монад. Аз роҳҳои бади худ тавба кунед, тавба кунед, эй хонадони Исроил! Пас чаро бимиред?“


Валекин ба Зоти Худам қасам, ки чунон ки Ман Ҳайи Лоямут ҳастам, ва чунон ки тамоми дуньё аз ҷалоли Худованд пур аст,


Имшаб дар ҳамин ҷо бимон, ва пагоҳӣ, агар ӯ барои ту фидия диҳад, хуб мешавад, — бигзор фидия диҳад: ва агар ӯ нахоҳад, ки барои ту фидия диҳад, қасам ба Худованд, ки ман барои ту фидия хоҳам дод! То пагоҳӣ бихоб».


Зеро қасам ба ҳаёти Худованди наҷотдиҳандаи Исроил, ки агар дар писарам Йӯнотон бошад, вай низ ҳатман хоҳад мурд». Вале аз миёни тамоми қавм касе ба ӯ ҷавоб надод.


Валекин қавм ба Шоул гуфтанд: «Оё Йӯнотон, ки ин наҷоти бузургро барои Исроил ба амал овардааст, бимирад? Ҳошо ва калло! Қасам ба ҳаёти Худованд, ки мӯе аз сари ӯ ба замин нахоҳад афтод, зеро ки ӯ имрӯз бо Худо амал кардааст». Ва қавм барои Йӯнотон фидия доданд, ва ӯ намурд.


Ва инак, навкари худро фиристода, хоҳам гуфт: „Рафта, тирҳоро биёб“; агар ба навкар бигӯям: „Инак, тирҳо аз ин тарафи туст“, онҳоро бигир ва назди ман биё, зеро ки барои ту осоиштагист, ва қасам ба ҳаёти Худованд, ки ба ту зараре нахоҳад расид.


Ва алҳол, эй оғоям, қасам ба ҳаёти Худованд ва қасам ба ҳаёти ту, ки Худованд туро аз хунрезӣ нигоҳ дошта, нагузоштааст, ки бо дасти худ интиқом гирӣ; ва алҳол душманонат, ва онҳое ки ба оғоям бадӣ мехоҳанд, бигзор мисли Нобол шаванд.


Валекин, қасам ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки маро аз бадӣ кардан ба ту нигоҳ дошт: агар ту шитобон ба пешвози ман намеомадӣ, албатта назди Нобол то субҳидам наринае боқӣ намемонд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan