9 Рӯи тахти Худро мепӯшонад, абри Худро бар он паҳн мекунад.
Он гоҳ Сулаймон гуфт: «Худованд гуфтааст, ки дар меғ сокин мешавад.
Абрҳо пардаи Ӯст, ва Ӯ намебинад, ва дар гунбази афлок гардиш мекунад“.
Ва бо аъмоли худ палид шуданд, ва бо кирдорҳои худ зинокор гардиданд.
Худованд наҷоти Худро маълум кард, адолати Худро пеши назари халқҳо зоҳир намуд.
Ва қавм аз дур истоданд, ва Мусо сӯи меғ, ки Худо дар он ҷо буд, наздик омад.
Ва касе набояд бо ту барояд, ва низ касе набояд дар тамоми кӯҳ дида шавад; гӯсфандон ва говон низ набояд дар рӯ ба рӯи ин кӯҳ чаро кунанд».
Ки танҳо Ӯ Ҳайи лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст, ва Ӯро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад. Ӯро то абад шавкат ва қудрат бод! Омин.