Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 26:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Обро дар абрҳои Худ банд мекунад, ва ҳеҷ саҳобе зери он намекафад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 26:8
12 Iomraidhean Croise  

Кист, ки тавонад амали абрҳои густурда ва гулдурроси хаймаи Ӯро дарк намояд?


Кист, ки бо ҳикмат абрҳоро дар шумор меоварад? Ва кист, ки машкҳои осмонро мегустаронад,


Ҳангоме ки Ман абрро либоси он ва меғро парпечи он гардондам,


Ӯро, ки найирҳои бузург офаридааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст:


Каломи Худро ба Яъқуб баён намудааст, фароизи Худ ва дастурҳои Худро ба Исроил.


Кист, ки ба осмон сууд кард ва аз он ҷо нозил шуд? Кист, ки бодро дар мушти худ ҷамъ кард? Кист, ки обро дар пероҳан банд кард? Кист, ки тамоми ақсои заминро барқарор кард? Номи ӯ чист ва номи писари ӯ чист? Оё медонӣ?


Вақте ки абрҳоро дар боло барқарор менамуд, вақте ки чашмаҳои вартаро мустаҳкам мекард,


Ва онро харобазор мегардонам: на навдаҳояш каллак зада хоҳад шуд, ва на заминаш канда нарм карда хоҳад шуд, ва явшон ва хори шутур дар он хоҳад рӯид; ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.


Ҳамин ки Ӯ овоз диҳад, обҳо дар осмон ғулғула меандозад, ва Ӯ абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад, барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад, ва бодро аз махзанҳои Худ берун меоварад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan