7 Шимолро бар хало мегустаронад, заминро бар нестӣ меовезад.
Пояҳои он бар чӣ чиз ниҳода шудааст, ё кист, ки санги зовияи онро гузошт,
Танҳо Худаш осмонро мегустаронад, ва бар баландиҳои баҳр қадамгузор мешавад.
Эй Худои ман! Ба Ту таваккал кардаам, хиҷил нахоҳам шуд, душманонам бар ман тантана нахоҳанд кард;
Шумурдани айёми моро дурустакак таълим деҳ, то ки дили пурҳикмат пайдо кунем.
Баргард, эй Худованд! То ба кай? Бар бандагони Худ шафқат намо.
Магар намедонед? Магар шумо нашнидаед? Магар аз аввал ба шумо гуфта нашудааст? Магар аз буньёди замин фаҳм надоред?
Ӯ Ҳамон аст, ки бар доираи замин нишастааст, ва сокинони он мисли малах мебошанд; Ӯ афлокро мисли чодире густурдааст, ва онро мисли хаймае барои сукунат барафроштааст.
Чашмони худро сӯи афроз баланд карда, бубинед: кист, ки инҳоро офаридааст? Ӯ лашкари онҳоро ба шумор берун меоварад, ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад; аз бузургии қувват ва тавоноии кудрати Ӯ ҳеҷ яке аз онҳо ниҳон нахоҳад шуд.
Худованд Худо, ки афлокро офарида, барафроштааст, заминро бо ҳар чи аз он ба вуҷуд меояд, густурдааст, ба қавме ки дар он ҳастанд, нафасро, ва ба махлуқоте ки дар он қадамгузор мебошанд, рӯҳро бахшидааст, чунин мегӯяд:
Ваҳйи каломи Худованд дар бораи Исроил. Худованд, ки осмонро густурдааст, ва буньёди заминро ниҳодааст, ва рӯҳи одамизодро андаруни вай ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд: