2 «Чӣ гуна ту ба беқуввате мадад расондӣ, ва бозуи бемаҷолеро раҳо кардӣ!
Ва дар нимирӯзӣ Ильёс онҳоро тамасхур намуда, гуфт: «Бо овози баланд бихонед, зеро ки вай худост; шояд, ба мусоҳибае машғул бошад, ё барои қазои ҳоҷат дур шуда бошад, ё дар сафар бошад, шояд, хоб рафта бошад, ва бедор шавад».
«Яқин аст, ки шумо гузини қавм ҳастед, ва ҳикмат бо шумо хоҳад мурд.
Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
Чӣ гуна ту ба беҳикмате машварат додӣ, ва ҳақиқати ҳолро ба хубӣ фаҳмондӣ!
Инак, шумо ҳамаатон инро дидаед; ва чаро чунин суханони хушкухолӣ мегӯед?
Ман чӣ куввате дорам, ки умедвор шавам? Ва чӣ муроде дорам, ки сабр пеша кунам?
Оё қуввати ман қуввати сангҳост? Оё ҷисми ман аз мис аст?
Оё ман комилан бемаҷол нестам, ва тавфиқ аз ман дур нашудааст?
Чӣ пурзӯр аст суханони ростӣ! Вале танбеҳи шумо чиро исбот мекунад?
Пеши ӯ биёбоннишинон зону хоҳанд зад; ва душманони ӯ хокро хоҳанд лесид.
Ӯ бо кӣ машварат кардааст, ва кист, ки ба Ӯ хирад бахшидааст, ва тариқи адлу инсофро ба Ӯ таълим додааст, ва ба Ӯ дониш омӯхтааст, ва роҳи дурустиҳоро ба Ӯ ёд додааст?