2 Марзаҳоро мекӯчонанд; рамаро медузданд ва мечаронанд.
Ва мардуми Сабо ҳуҷум карда, онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Калдониён се даста шуда, ба шутурҳо ҳамла оварданд ва онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
Зеро ки ӯ бар бенавоён зулм карда, онҳоро партофтааст; хонаеро, ки бино накардааст, тороҷ намудааст.
Агар замини ман аз дасти ман доду фарьёд бардошта, ҷӯякҳои он якҷоя гириста бошад;
Дар сурате ки ҳосилоти ӯро гуруснагон мехӯранд, ва аз даруни хорбандҳо онро чида мегиранд, ва ғоратгарон молу мулки ӯро фурӯ мебаранд.
Марзаи қадимиро, ки падарони ту муқаррар кардаанд, накӯчон.
Марзаи қадимиро накӯчон, ва ба киштзори ятимон дохил нашав,
Сарварони Исроил монанди дуркунандагони ҳудуд мебошанд: ғазаби Худро бар онҳо мисли об фурӯ хоҳам рехт.
Марзаи ёри худро, ки аҷдод дар мулки ту кашидаанд, вайрон накун, — дар мулке ки ба даст хоҳӣ овард дар замине ки Худованд Худоят барои тасарруф кардани он ба ту медиҳад.
„Малъун бод касе ки марзаи ёри худро вайрон кунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“