Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 24:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Чаро аз ҷониби Қодир вақтҳо таъин карда нашудааст? Ва чаро орифони Ӯ рӯзҳои Ӯро намебинанд?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 24:1
29 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд гуфт: «Оё он чи Ман карданиам, аз Иброҳим пӯшида дорам?


Зеро, баъд аз ҳафт рӯз, Ман чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборонам; ва тамоми махлуқотеро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв мекунам».


Шарир дар тамоми рӯзҳои худ гирифтори сӯзу гудоз аст, ва солҳои башумор барои ситамгар таъин шудааст.


Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд; ба маконаш назар хоҳӣ андохт, ва ӯ нахоҳад буд.


Ва Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд, паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ.


Ман дар дили худ гуфтам: «Одил ва шарирро Худо доварӣ хоҳад кард, зеро ки барои ҳар чиз ва барои ҳар кор дар он ҷо вақте ҳаст».


Зеро аз ҷониби Худованди лашкарҳо рӯзест, ки бар ҳар чизи ҳавобаланд ва мағрур хоҳад омад, ва бар ҳар чизи сарбаланд, — ва он паст хоҳад шуд, —


Камшумор ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд, ва бемаҷол — ба халқи зӯровар. Ман — Худованд инро дар вақташ хоҳам тезонид.


Вале он рӯз барои Худованд Худои лашкарҳо рӯзи интиқом хоҳад буд, то ки аз душманони Худ интиқом гирад; ва шамшер онҳоро хӯрда сер хоҳад шуд ва аз хунашон маст хоҳад гардид, зеро ки барои Худованд Худои лашкарҳо дар замини шимолӣ, назди наҳри Фурот қурбонӣ оварда мешавад.


Ва Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағьир медиҳад, подшоҳонро сарнагун мекунад ва подшоҳонро барқарор менамояд, ба ҳакимон ҳикмат ва ба оқилон дониш мебахшад.


Зеро ки рӯзи Худованд бар ҳамаи халқҳо наздик аст: чунон ки ту амал кардаӣ, ончунон ба ту амал карда хоҳад шуд; подоши ту бар сарат хоҳад баргашт.


Ба ҳузури Худованд Худо хомӯш бош! Зеро ки рӯзи Худованд наздик аст; зеро ки Худованд қурбоние тайёр кардааст, даъватшудагони Худро тақдис намудааст.


Зеро, чӣ тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯх ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд,


Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.


Ба онҳо гуфт: «Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо кудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;


Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст,


Аммо, аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рӯзи ғазаб ва зуҳури доварии ҳаққонии Худо афзун мегардонӣ,


Аммо дар бораи замонҳо ва мӯҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад,


Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт,


Ки онро Фармонгузори таборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон дар вақти худ нишон хоҳад дод,


Ва аз рӯи тамаъкорӣ бо суханони макромез шуморо ба дом хоҳанд даровард; ҳукми онҳо кайҳо муҳайёст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan