3 Оё ба ин ки ту одил бошӣ, Қодирро ҳоҷате ҳаст? Ва оё Ӯро фоидае ҳаст аз он ки ту роҳҳои худро беайб созӣ?
Ва ман, эй Худои ман, медонам, ки Ту дилҳоро имтиҳон мекунӣ, ва ба росткорӣ таваҷҷӯҳ менамоӣ; ман аз ростии дили худ тамоми ин ионатро додаам, ва алҳол мебинам, ки қавми Ту низ, ки дар ин ҷо мебошанд, бо шодмонӣ барои Ту ионат медиҳанд.
Қодир кист, ки Ӯро ибодат кунем? Ва чӣ нафъ дорад, ки ба Ӯ илтиҷо намоем?“
«Оё мард ба Худо фоида мерасонад? Ба яқин, соҳибфаҳм фақат ба худаш фоида мерасонад.
Оё аз боиси худотарсии ту Ӯ туро азият медиҳад? Бо ту ба мурофиа меояд?
Зеро ки ӯ гуфт: „Барои одам фоидае нест аз он ки иродаи Худоро ба ҷо оварад“.
Агар одил бошӣ, ба Ӯ чӣ метавонӣ бидиҳӣ? Ё Ӯ аз дасти ту чӣ чизе хоҳад гирифт?
Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
Тарозуи нодуруст назди Худованд зишт аст, вале санги дақиқ ба Ӯ мақбул аст.
Каҷдилон назди Худованд зиштанд, вале касоне ки роҳашон рост аст, ба Ӯ мақбуланд.
Даҳони дурӯғгӯй назди Худованд зишт аст, вале росткорон ба Ӯ мақбуланд.
Қурбонии шарирон назди Худованд зишт аст, вале дуои росткорон писандидаи Ӯст.
Агар хирадманд бошӣ, ба нафъи худат хирадманд ҳастӣ; ва агар масхарабоз бошӣ, бори онро танҳо худат хоҳӣ бардошт.
Шумо Худовандро бо суханони худ заҳмат медиҳед, ва мегӯед: «Бо чӣ Ӯро заҳмат додаем?» Бо ин ки шумо мегӯед: «Ҳар бадкирдор дар назари Худованд хуб аст, ва Ӯ ба онҳо таваҷҷӯҳ мекунад», ё ки: «Худои адлу инсоф куҷост?»
Бинобар ин худам низ саъю кӯшиш менамоям, ки виҷдонам назди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад;
Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.
Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.