2 «Оё мард ба Худо фоида мерасонад? Ба яқин, соҳибфаҳм фақат ба худаш фоида мерасонад.
Қодир кист, ки Ӯро ибодат кунем? Ва чӣ нафъ дорад, ки ба Ӯ илтиҷо намоем?“
Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
Оё ба ин ки ту одил бошӣ, Қодирро ҳоҷате ҳаст? Ва оё Ӯро фоидае ҳаст аз он ки ту роҳҳои худро беайб созӣ?
Чист инсон, ки ӯро писанд кунӣ, ва ба ӯ диққат диҳӣ,
Бигзор ҳукмномаи ман аз ҳузури Ту барояд: чашмони Ту ростбин аст.
Агар хирадманд бошӣ, ба нафъи худат хирадманд ҳастӣ; ва агар масхарабоз бошӣ, бори онро танҳо худат хоҳӣ бардошт.
Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад.
Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигӯед: „Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем“».
Ва ба хизмати дастҳои одамӣ эҳтиёҷ надорад, зеро ки Худаш ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад;
Ва аҳкоми Худованд ва фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту, барои манфиати ту амр мефармоям, риоят кунӣ.