2 «Сухани маро бодиққат бишнавед, ва ин барои ман тасаллиҳои шумо хоҳад буд.
Сухани маро бодиққат бишнавед, ва фикри ман ба гӯшҳотон хоҳад расид.
Пас, мазаммати маро бишнавед, ва ба эродҳои лабҳоям гӯш андозед.
Оё тасаллиҳои Худо барои ту кам аст? Ва сухане ки бо мулоимат ба ту гуфта мешавад?
«Чунин чизҳоро аз ҳад зиёд шунидаам; ҳамаатон тасаллидиҳандагони ғамовар ҳастед.
«То ба кай ба суханон идома хоҳӣ дод? Аввал мулоҳиза кунед, ва баъд сухан хоҳем ронд.
Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
Маро тоқат кунед, ва ман сухан хоҳам ронд; ва баъд аз сухан ронданам тамасхур намо.
Ва акнун, эй Айюб, суханони маро бишнав ва ба ҳамаи гуфтаҳоям гӯш андоз.
«Эй хирадмандон, суханони маро бишнавед; ва эй донишмандон, ба ман гӯш андозед.
Чаро нуқраро барои он чи нон нест, ва меҳнати худро барои он чи сер намекунад, сарф менамоед? Маро бодиққат бишнавед, ва чизҳои хубро бихӯред, то ки ҷони шумо аз фаровонӣ лаззат барад.
Бинобар ин мо бояд ба он чи шунидаем, махсусан бодиққат бошем, то ки аз он дур нашавем.
Ва ҳангоме ки инро ба Ютом хабар доданд, ӯ рафта, бар сари кӯҳи Ҷаризим истод, ва овози худро баланд карда, фарьёд зад ва ба онҳо гуфт: «Маро бишнавед, эй сокинони Шакем, то ки Худо шуморо бишнавад!