Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 2:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва ӯ сафолпорае гирифт, то ки худро бо он бихорад, дар ҳолате ки андаруни хокистар нишаста буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 2:8
14 Iomraidhean Croise  

Ва Томор хокистар бар сари худ пошид, ва куртаи рангорангро, ки дар бар дошт, дарронид, ва дастҳояшро бар сараш гузошта, мерафту фарьёд мезад.


Ва Мордахай аз он чи воқеъ шуда буд, огоҳӣ ёфт, ва Мордахай либоси худро чок зада, палос ва хокистар дар бар кард, ва андаруни шаҳр рафта, фиғони азим ва талхе баровард.


Ва дар ҳар вилоят ва мавзеъ, ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, барои яҳудиён мотами бузург ва рӯзадорӣ ва гирья ва овозандозӣ буд; палос ва хокистар барои бисьёр касон бистар шуд.


Ва занаш ба ӯ гуфт: «Оё ту ҳанӯз ба беайбии худ қоим ҳастӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир».


Бинобар ин аз суханонам нафрат дорам, ва дар хок ва хокистар пушаймон мешавам».


«Аҷаламро, эй Худованд, ба ман маълум кун, ва миқдори рӯзҳоямро, ки чист, то донам, ки кай фано мешавам.


Ба яқин одамизод мисли шабаҳе мегардад: бекора шӯру ғавғо менамояд, захира мекунад ва намедонад, ки он насиби кӣ мешавад.


Мотамзадагони Сионро ато намуда, ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам, ва равғани шодмонӣ — ба ҷои мотам, ва ридои ҷалол — ба ҷои рӯҳи андӯҳгин; ва онҳо дарахтони адолат номида хоҳанд шуд, ки Худованд барои ҷалоли Худ шинондааст.


Эй духтари қавми ман! Палос бипӯш ва хокистар бар худ бипош; мисли зане ки писари ягонааш мурда бошад, мотам бигир ва зор‐зор гирья бикун, зеро ки тороҷгар ногаҳон бар мо меояд.


Ва дар ҳаққи ту овози худро баланд карда, бо талхӣ фарьёд мезананд, ва хок бар сари худ рехта, дар хокистар меғеланд;


Ва ин гап ба гӯши подшоҳи Нинве расид, ва ӯ аз тахти худ бархоста, ҷомаи салтанатро аз худ дур кард, ва палос пӯшида, бар хокистар нишаст,


«Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт‐Сайдо! Зеро агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan