7 Ва шайтон аз пеши Худованд рафт, ва Айюбро аз кафи нояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард.
Ва дар тамоми Исроил касе дар зебоӣ мисли Абшолӯм лоиқи таҳсин набуд: аз кафи пой то фарқи сараш ӯ нуқсоне надошт.
Вай гуфт: „Ман берун омада, рӯҳи козибе дар даҳони тамоми анбиёи ӯ мегардам“. Ва Ӯ гуфт: „Ту розӣ хоҳӣ кард ва низ муваффақият хоҳӣ ёфт; пас берун омада, чунин амал намо“.
Аммо дасти Худро дароз карда, ба ҳар чизе ки ӯ дорад, бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».
Ва ин бечора мисли чизи пӯсида аз ҳам ҷудо мешавад, мисли либосе ки куя зада бошад.
Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Инак, ӯ дар дасти туст; фақат ҷони ӯро нигоҳдорӣ намо».
Пӯстам сиёҳ шуда, аз танам фурӯ мерезад, ва устухонам аз ҳарорати баданам сӯхта хушк шудааст.
Ҷисми ман бо кирмҳо ва лӯндаҳои хок пӯшида шудааст; пӯсти ман мекафад ва рим мекунад.
Аз кафи по то фарқи сар дар ӯ ҷои сиҳате нест: ҷароҳат ва реш ва захми хуншор, ки на пок карда шудааст, на баста шудааст ва на бо равған нарм гардонида шудааст.
Бинобар ин Худованд фарқи сари духтарони Сионро кал хоҳад кард, ва Худованд аврати онҳоро бараҳна хоҳад намуд».
Худованд туро ба обилаи Миср, захми думбалдор, ҷараб ва хоришак гирифтор хоҳад кард, ки аз онҳо наметавонӣ шифо ёбӣ.
Худованд зонуҳо ва соқҳои туро ба обилаи бад гирифтор хоҳад кард, ки аз он, аз кафи пой то фарқи сари худ, шифо нахоҳӣ ёфт.
Ва ба Худои Осмон аз боиси азобҳои худ ва яраҳои худ куфр мегуфтанд, ва аз аъмоли худ тавба накарданд.