Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 2:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Вале шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 2:4
15 Iomraidhean Croise  

Ва чорвои худро назди Юсуф оварданд; ва Юсуф ба ивази аспон, ба ивази рамаҳои гӯсфандон, ба ивази рамаҳои говон ва ба ивази харон ба онҳо нон дод; ва ҳамон сол онҳоро ба ивази тамоми чорвои онҳо бо нон таъмин намуд.


Чаро мо ва замини мо низ дар пеши назари ту ҳалок шавем? Моро ва замини моро ба ивази нон бихар; ва мо бо замини худ ғуломони фиръавн шавем, ту ба мо тухмӣ бидеҳ, то ки зист кунем ва намирем, ва замин табоҳ нашавад».


Ва бандагонаш ба ӯ гуфтанд: «Инак, мо шунидаем, ки подшоҳони хонадони Исроил подшоҳони эҳсонкоранд; пас, палосҳо ба камари худ ва арғамчинҳо бар сари худ бибандем, ва назди подшоҳи Исроил бароем, ки ӯ шояд ба чони ту тараҳҳум намояд».


Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест? Ва ӯ ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст, ва ҳол он ки ту Маро бар зидди ӯ барангехтӣ, то ӯро бесабаб нобуд кунам».


Аммо дасти Худро дароз карда, ба устухон ва гӯшти ӯ бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».


Сарвати одам фидияи ҷони ӯст; вале бенаво таҳдидро намешунавад.


Вале дар миёни онҳо даҳ нафар ёфт шуданд, ки ба Исмоил гуфтанд: «Моро накуш, зеро ки мо дар саҳро захираҳои ниҳонии гандум, ва ҷав, ва равған, ва асал дорем». Ва ӯ онҳоро вогузошта, дар миёни бародаронашон накушт.


Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад? Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?


Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед; низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед. Оё ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар нест?


Ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар аст.


Ва онҳо ба Еҳушаъ ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Зеро ба бандагонат хабар расид, ки Худованд Худои ту ба бандаи Худ Мусо амр фармудааст, ки тамоми ин заминро ба шумо бидиҳад ва ҳамаи сокинони ин заминро аз пеши шумо маҳв намояд; ва аз ин рӯ мо аз шумо барои ҷонҳои худ бисьёр тарсидем, ва ин корро кардем.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan