12 Чун аз дур чашм андохта, ӯро нашинохтанд, овози худро баланд карда, гиристанд, ва ҳар яке ҷомаи худро чок заданд, ва хок бар сари худ сӯи осмон пошиданд.
Ва ҳамин ки вай суханонашро тамом кард, инак писарони подшоҳ омаданд, ва овози худро баланд карда, гиристанд; ва подшоҳ низ ва ҳамаи навкаронаш зор‐зор гиристанд.
Ва Мордахай аз он чи воқеъ шуда буд, огоҳӣ ёфт, ва Мордахай либоси худро чок зада, палос ва хокистар дар бар кард, ва андаруни шаҳр рафта, фиғони азим ва талхе баровард.