Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 2:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Вақте ки се дӯсти Айюб тамоми ин бадиеро, ки ба сари ӯ омада буд, шуниданд, ҳар яке аз макони худ: Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ роҳсипор гардида, муттафиқ шуданд, ки бо ҳамдигар омада, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намоянд ва ӯро тасаллӣ диҳанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 2:11
34 Iomraidhean Croise  

Вай Зимрон, Ёқшон, Мадон, Мидьён, Ишбоқ ва Шуаҳро ба ӯ зоид.


Ва писарони Алифоз Темон, Ӯмор, Сафӯ, Ҷаътом ва Қеназ буданд.


Инҳоянд умарои писарони Эсов. Писарони Алифоз, нахустзодаи Эсов: амир Темон, амир Ӯмор, амир Сафӯ, амир Қеназ,


Ва Йӯбоб мурд, ва дар ҷояш Ҳӯшом аз замини темониён подшоҳӣ кард.


Ва ҳамаи писаронаш ва духтаронаш ҷамъ омаданд, то ки ӯро тасаллӣ диханд; вале ӯ тасаллиро қабул намекард, ва мегуфт: «Бо мотам назди писари худ ба гӯр меравам». Ва падараш барои ӯ мегирист.


Ва писарони Қатуро, ки суррияи Иброҳим буд: вай Зимрон ва Ёқшон ва Мадон ва Мидьён ва Ишбоқ ва Шуаҳро зоид; ва писарони Ёқшон: Шабо ва Дадон.


Ва Йӯбоб мурд, ва дар ҷояш Ҳушом аз замини темониён подшоҳӣ кард.


Ва падари онҳо Эфроим рӯзҳои зиёде мотам гирифт, ва бародаронаш барои тасаллӣ додани ӯ омаданд.


Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт:


Валекин шумо дурӯғ мебофед, ҳамаатон табибони афсунгар ҳастед.


Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:


«Чунин чизҳоро аз ҳад зиёд шунидаам; ҳамаатон тасаллидиҳандагони ғамовар ҳастед.


Маро тамасхур мекунед, эй дӯстонам! Чашми ман сӯи Худо ашк мерезад,


Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:


Ҳамаи маҳрамони розам аз ман безор шудаанд, ва онҳое ки дӯст медоштам, ба ман зид шудаанд.


Ба ман лутф намоед, ба ман лутф намоед шумо, эй ёронам! Зеро ки дасти Худо бар ман зарба расондааст.


Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:


Ва ҳамаи бародарони ӯ ва ҳамаи хоҳарони ӯ ва ҳамаи ошноҳои пештараи ӯ назди ӯ омаданд, ва дар хонаи ӯ бо ӯ нон хӯрданд, ва дар бораи тамоми мусибате ки Худованд ба сари ӯ оварда буд, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намуда, ӯро тасаллӣ доданд, ва ҳар кас ба ӯ як қсито ва як ҳалқаи тилло дод.


Ва воқеъ шуд баъд аз он ки Худованд ин суханонро ба Айюб гуфт, Худованд ба Алифози Темонӣ чунин гуфт: «Ғазаби Ман бар ту ва бар ду дӯсти ту оташ гирифтааст, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед.


Ва Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ рафтанд, ва он чи Худованд ба онҳо фармуд, ба ҷо оварданд, ва Худованд рӯи Айюбро иҷобат намуд.


Маъюс аз ҷониби ёраш сазовори марҳамат аст, агарчи тарси Қодирро тарк карда бошад.


Қофилаҳои Темо ба онҳо назар медӯзанд, корвонҳои Шабо ба онҳо умед мебанданд,


Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:


Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад.


Ёроне ҳастанд, ки ба шикаст мерасонанд, вале дӯсте ҳаст, ки аз бародар маҳкамтар мечаспад.


Ёри худ ва ёри падари худро тарк накун, ва дар рӯзи мусибати худ ба хонаи бародари худ нарав: ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур.


Ду фалокат ба сари ту омадааст, — кист, ки ба ту ҳамдардӣ изҳор кунад? Таҳлука ва шикаст, қаҳтӣ ва шамшер! Кист, ки туро тасаллӣ диҳад?


Дар бораи Адӯм Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Оё дигар дар Темон ҳикмат нест? Оё машварат аз соҳибфаҳмон нест шуда, ҳикматашон барҳам хӯрдааст?


Ва баҳодурони ту, эй Темон, ба ҳарос хоҳанд афтод, то ки ҳар яке аз кӯҳи Эсов аз куштор несту нобуд гардад.


Ва бисьёре аз яҳудиён назди Марто ва Марьям омада буданд, то ки барои бародарашон онҳоро тасаллӣ диҳанд.


Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирьякунандагон гирья кунед.


Ва агар як узв дард кунад, бо он ҳамаи узвҳо дард мекунанд; ва агар як узв сазовори таҳсин гардад, бо он ҳамаи узвҳо хурсанд мешаванд.


Бандиёнро ба ёд оваред, гӯё ки шумо низ бо онҳо дар занҷирҳо бошед, ва ситамкашонро, мисли он ки худатон бо онҳо як ҷисм мебошед.


Ҷадирӯт, Байт‐Доҷӯн, Наамо ва Маққедо, — шонздаҳ шаҳр бо деҳоташон.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan