Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 2:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 2:10
30 Iomraidhean Croise  

Ва ба Одам гуфт: «Азбаски ба овози занат гӯш додӣ ва аз он дарахт хӯрдӣ, ки амр фармуда, гуфтам: „Аз он нахӯрӣ“, замин аз боиси ту малъун шуд; тамоми айёми умрат аз он бо ранҷ хоҳӣ хӯрд;


Ва ман нанги худро ба куҷо барам? Ва ту мисли яке аз сафилон дар Исроил хоҳӣ шуд. Ва алҳол, лутфан, ту бо подшоҳ гуфтугӯ намо, зеро ки маро аз ту дареғ нахоҳад дошт».


Вале Довуд гуфт: «Маро бо шумо, эй писарони Саруё, чӣ кор аст, ки имрӯз монеае барои ман мешавед? Оё равост, ки касе имрӯз дар Исроил кушта шавад? Ба ман, охир, имрӯз маълум шудааст, ки ман бар Исроил подшоҳ ҳастам».


Агарчи тамоми хонадони падарам ба ҳузури оғоям подшоҳ сазовори мамот буданд, вале ту бандаатро дар миёни хӯрандагони суфраи худ шинондӣ; пас, ман боз чӣ ҳақ дорам, ки назди подшоҳ шиква намоям?»


Ва Довуд, баъд аз он ки қавмро саршуморӣ намуд, пушаймон шуд; ва Довуд ба Худованд гуфт: «Бо ин коре ки кардам, ман бағоят гуноҳкор шудам; ва алҳол, эй Худованд, аз гуноҳи бандаи Худ гузароӣ намо, зеро ки бағоят беақлона рафтор кардам».


Зеро ки чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд; ту дар ин бобат аблаҳӣ кардӣ, бинобар ин минбаъд ба ҷангҳо мубтало хоҳӣ шуд».


Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро Ту баракат додаӣ, ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст.


Ва занаш ба ӯ гуфт: «Оё ту ҳанӯз ба беайбии худ қоим ҳастӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир».


Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.


Дар ҷамоати бузург аз адолат башорат додаам; инак, лабҳои худро нахоҳам баст: Худовандо, Ту медонӣ.


Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст.


Оё на Ту, эй Худо, моро партофтаӣ, ва бо лашкарҳои мо, эй Худо, берун намеоӣ?


Зани аблаҳ пуршӯр ва сабукмағз аст, ва чизе намедонад,


Соддадилиро тарк намоед ва зиндагӣ кунед, ва бо роҳи хирад қадамгузор шавед».


Дар рӯзи нек хурсандӣ бикун, ва дар рӯзи бад андеша намо, ки Худо инро низ баробари он ба амал овардааст, то ки одамизод баъд аз он натавонад чизеро дарьёбад.


Кист, ки чизе гуфта бошаду он чиз иҷро шуда бошад, бе он ки Худованд амр фармояд?


Аммо Ӯ баргашта ба Петрус гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав! Ту васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».


Аз онҳо панҷ нафар доно ва панҷ нафар нодон буданд;


Исо ба Петрус гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун; наход ки он косаеро, ки Падарам ба Ман додааст, нанӯшам?»


Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед.


Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард.


Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар суҳан пешпо намеҳӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.


Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan