2 «То ба кай ҷони маро андӯҳгин мекунед? Ва маро бо суханон озор медиҳед?
«То ба кай ба суханон идома хоҳӣ дод? Аввал мулоҳиза кунед, ва баъд сухан хоҳем ронд.
Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
Ин даҳ маротиба аст, ки маро маломат менамоед, ва шарм надошта, ба ман дуруштӣ мекунед.
Инак, шумо ҳамаатон инро дидаед; ва чаро чунин суханони хушкухолӣ мегӯед?
«Қасам ба ҳаёти Худо, ки Ӯ маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст, ва ба ҳаёти Қодир, ки ҷони маро талх кардааст,
«То ба кай чунин суханонро хоҳӣ гуфт? Ва гуфтори даҳонат боди пурталотуме хоҳад буд?
Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Нокас дар дили худ гуфт: «Худо нест». Онҳо фосид шудаанд, корҳои зишт кардаанд; некӯкоре нест.
Барои он ки дӯстони Ту халосӣ ёбанд, бо ямини Худ наҷот деҳ, ва маро иҷобат намо.
Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад.
Баъзеҳо неши забон мезананд, ки мисли зарби шамшер аст, вале забони хирадмандон офият мебахшад.
Мамот ва ҳаёт дар дасти забон аст, ва дӯстдорони он меваи онро мехӯранд.
Ва онҳо бо овози баланд фиғон кашида гуфтанд: «То ба кай, эй Парвардигори Қуддус ва Ҳақ, доварӣ намекунӣ ва интиқоми хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?»
Ва азбаски вай ӯро ҳар рӯз бо суханони худ фишор дода, зиқ мекард, ӯ аз ҷони худ безор шуд,