4 Эй, ки ҷони худро дар ғазаби худ медарӣ! Наход ки барои ту замин хароб шавад, ва кӯҳпора аз ҷояш кӯч кунад?
Барои чӣ гӯшти худро бо дандони худ бигазам ва ҷони худро ба кафи худ бигирам?
Валекин, чунон ки кӯҳ афтода, гард‐гард мешавад, ва сахра аз ҷои худ меҷунбад;
Ғазаби Ӯ маро медарад ва бо ман адоват дорад; дандонҳои Худро бар ман ғиҷиррос мезанонад. Душманам чашмонашро ба ман ало мекунад.
Чаро мисли чорпое ҳисоб ёбем ва дар назари шумо кундзеҳн намоем?
Бо вуҷуди ин, нури шарирон хомӯш хоҳад шуд, ва шарораи оташи онҳо рӯшноӣ нахоҳад дод.
Онҳоро якҷоя дар хок ниҳон намо ва рӯйҳошонро дар ниҳонхонае банд кун.
Зеро ки хашм беақлро мекушад, ва ҳасад соддалавҳро ба ҳалокат мерасонад.
Зеро ки кӯҳҳо аз ҷои худ дур хоҳад шуд, ва теппаҳо футур хоҳад рафт, вале эҳсони Ман аз ту дур нахоҳад шуд, ва аҳди сулҳу осоиштагии Ман футур нахоҳад рафт, — мегӯяд Худованде ки ба ту раҳм мекунад.
Ва ба ман гуфт: «Гуноҳи хонадони Исроил ва Яҳудо бағоят азим аст, ва ин замин аз хун пур шудааст, ва ин шаҳр аз беадолатӣ пур аст; зеро ки онҳо мегӯянд: „Худованд ин заминро тарк кардааст, ва Худованд намебинад“.
Ва Худо ба Юнус гуфт: «Оё хуб аст, ки барои канадона дар қаҳр шавӣ?» Вай гуфт: «Хуб аст, ки то ба дараҷаи марг дар қаҳр шавам».
Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
Ҳар ҷо, ки вайро бигирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад; ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, натавонистанд».
Рӯҳе ӯро мегирад, ва ӯ ногаҳон наъра мезанад, ва сахт печутоб мехӯрад, ба тавре ки кафк аз даҳонаш мебарояд; ва ӯро тамоман беҳолу бемадор карда, базӯр аз ӯ даст мекашад;