2 «То ба кай ба суханон идома хоҳӣ дод? Аввал мулоҳиза кунед, ва баъд сухан хоҳем ронд.
«Оё ба суханони бисьёр ҷавоб додан мумкин нест? Ва оё ҳақ ба ҷониби марди сухандон аст?
Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
Чаро мисли чорпое ҳисоб ёбем ва дар назари шумо кундзеҳн намоем?
«Сухани маро бодиққат бишнавед, ва ин барои ман тасаллиҳои шумо хоҳад буд.
Дар он ҷо шарирон хашмгиниро бас мекунанд, ва дар он ҷо бемаҷолон ором меёбанд.
Ва акнун, эй Айюб, суханони маро бишнав ва ба ҳамаи гуфтаҳоям гӯш андоз.
«То ба кай чунин суханонро хоҳӣ гуфт? Ва гуфтори даҳонат боди пурталотуме хоҳад буд?
Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст, ва ин барои ӯ нанг аст.
Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;