3 Гарав гузошта, ба ҳузури Худ ба ман зомин шав! Вагар на, кист, ки барои ман дасти паймон диҳад?
Ман зомини ӯ мебошам, ӯро аз дасти ман талаб намо. Агар ӯро назди ту набиёрам ва ба пешат ҳозир насозам, умрбод пеши ту гуноҳкор бошам.
Зеро ки ғуломат назди падари худ зомини писар шуда, гуфтам: „Агар ӯро назди ту набиёрам, умрбод пеши падари худ гуноҳкор бошам“.
Пас, даъват намо, вале кист, ки ба ту ҷавоб гардонад? Ва ту ба кадоме аз муқаддасон муроҷиат хоҳӣ кард?
Дар миёни мо ҳакаме нест, ки дасти худро бар ҳар дуи мо бигузорад.
Касе ки ба одами бегона зомин шавад, худаш зарар мебинад, вале касе ки аз замонат нафрат кунад, аз зарар эмин аст.
Одами беақл дасти паймон медиҳад ва ба ёри худ зомин мешавад.
Либоси ӯро бигир, чунки ба бегона зомин шудааст: ва аз ӯ, ки зомини шахси ғайр аст, гарав бигир.
Аз ҷумлаи касоне набош, ки дасти паймон медиҳанд ва барои қарзҳо зомин мешаванд.
Вале бенавоии ту мисли роҳзан хоҳад омад, ва мӯҳтоҷии ту — монанди шахси яроқнок.
Мисли фароштурук, мисли лайлак ман садо мебаровардам, мисли кабӯтар нолиш мекардам; чашмонам сӯи афроз баланд мешуд: Худовандо! Гирифтори ситам ҳастам; маро халосӣ бидеҳ.
Бинобар ин ба аҳди беҳтаре Исо зомин шуд.