2 Ба ростӣ, тамасхуркунандагон гирдогирди мананд, ва чашми ман дар талхгӯиҳои онҳо сокин аст.
Оё ҳарзагӯии ту мардумро хомӯш мекунад, ва ту таҳқир менамоӣ, ва касе туро хиҷолат намедиҳад?
Ман барои ёрони худ хандахариш шудаам, — агарчи Худоро мехонам, ва Ӯ маро иҷобат менамояд, — оре, хандахариш шудаам, агарчи одил ва беайб ҳастам.
Оё хуб мешавад, ки Ӯ шуморо таҳқиқ намояд? Оё Ӯро фиреб мекунед, чунон ки инсонро фиреб мекунанд?
Маро тамасхур мекунед, эй дӯстонам! Чашми ман сӯи Худо ашк мерезад,
Худо маро вирди забони мардум гардондааст, ва ман касе шудаам, ки ҳама ба рӯяш туф мекунанд.
Маро тоқат кунед, ва ман сухан хоҳам ронд; ва баъд аз сухан ронданам тамасхур намо.
Инак, шумо ҳамаатон инро дидаед; ва чаро чунин суханони хушкухолӣ мегӯед?
Тарона. Суруди рӯзи шанбе.