2 «Оё хирадманд бо дониши пуч ҷавоб медиҳад? Ва батни худро аз боди самум пур мекунад?
Он қадар, ки шумо медонед, ман низ медонам; аз шумо камтар нестам.
Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
Оё бо гапи номуносиб исбот менамояд? Ва бо суханоне ки аз онҳо ҳеҷ фоидае нест?
Оё гумон мекунед, ки суханон барои исбот кофист? Ва гуфтори маъюс мисли бод аст?
«То ба кай чунин суханонро хоҳӣ гуфт? Ва гуфтори даҳонат боди пурталотуме хоҳад буд?
Дили хирадманд даҳони ӯро доно мекунад ва бар лабҳои ӯ чарбгӯӣ меафзояд.
Ва ин низ бадии пуразоб аст: чӣ гунае ки омад, ҳамон гуна меравад; пас, чӣ суд аст барои ӯ, ки бод паймуда заҳмат кашидааст?
Эфроим бод мепаймояд ва аз паи боди шарқӣ медавад, тамоми рӯз кизб ва ситамро афзун мекунад; ва онҳо бо Ашшур аҳд мебанданд, ва равған ба Миср бурда мешавад.
Ва Худованд бо Яҳудо низ талош хоҳад кард, ва Яъқубро бар тибқи роҳҳояш ба ҷазо мустаҳиқ хоҳад кард: ба ӯ мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.
Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.