3 Оё бар чунин махлуқе чашмони Худро менигаронӣ, ва маро бо Худ ба мурофиа мебарӣ?
Оё барги пажмурдаро ба ҳарос меандозӣ, ва хаси хушкидаро таъқиб менамоӣ?
Ва пойҳои маро дар ишкел меандозӣ, ва ҳамаи роҳҳои маро мепоӣ — кафи пойҳои маро пайгирӣ мекунӣ.
Оё аз боиси худотарсии ту Ӯ туро азият медиҳад? Бо ту ба мурофиа меояд?
Зеро ки Ӯ мисли ман одамизод нест, ки тавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам, ва якҷоя ба дорулқазо биравем.
Ӯ эҳсони ман аст ва қалъаи ман, паноҳгоҳи ман аст ва раҳокунандаи ман, сипари ман аст, ва ба Ӯ паноҳ мебарам; қавми маро зердасти ман мегардонад.
Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ; ва бузургии Ӯ беҳадду беканор аст.
Вақте ки ба осмони Ту менигарам, ки санъи ангуштони Туст, ва ба моҳ ва ситорагоне ки Ту офаридаӣ, —
Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат рӯ оварда мегӯяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад,