Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 13:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Валекин шумо дурӯғ мебофед, ҳамаатон табибони афсунгар ҳастед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 13:4
23 Iomraidhean Croise  

Валекин ман назди ӯ фиристода, гуфтам: «Ҷунин суханон, ки ту мегӯӣ, ба вуқӯъ наомадааст, балки ту онҳоро аз майнаи худ бофта баровардаӣ».


«Чунин чизҳоро аз ҳад зиёд шунидаам; ҳамаатон тасаллидиҳандагони ғамовар ҳастед.


Инак, шумо ҳамаатон инро дидаед; ва чаро чунин суханони хушкухолӣ мегӯед?


Бародарони ман мисли селоб бевафогӣ карданд, мисли маҷрои селҳое ки гузашта мераванд,


Аммо аз умеди худ хиҷил мешаванд: ба он ҷо омада, ноумед мешаванд.


Акнун шумо низ монанди он шудаед: даҳшатро дида, тарсидаед.


Дар ҳаққи ёри худ шаҳодати дурӯғ надеҳ.


Инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди онҳое ҳастам, ки дар асоси хобҳои дурӯғ нубувват мекунанд, ва он хобҳоро нақл намуда, қавми Маро бо дурӯғгӯиҳо ва бемулоҳизагии худ дар иштибоҳ меандозанд, ва ҳол он ки Ман онҳоро нафиристодаам ва амр нафармудаам, ва онҳо ба ин қавм ҳеҷ манфиате нахоҳанд расонид, — мегӯяд Худованд.


Касе нест, ки даъвои туро муҳокима намояд, то туро шифо диҳад; давоҳои шифобахш барои ту нест.


Ба Ҷилъод баромада, баласон бигир, эй духтари бокираи Миср! Давоҳоро беҳуда зиёд мекунӣ: шифое барои ту нест.


Ва марази духтари қавми Маро сабукфикрона шифо дода, „Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!“ мегӯянд, вале осоиштагӣ нест.


Оё баласон дар Ҷилъод нест? Оё табибе дар он ҷо нест? Пас чаро духтари қавми ман шифо наёфтааст?


Камқувватонро қувват надодед, ва касалеро табобат накардед, ва шикастапойро тахтабанд накардед, ва рондашударо барнагардонидед, ва гумшударо наҷустед, ва онҳоро бо зӯроварӣ ва сангдилӣ идора намудед.


Ва Эфроим бемории худро, ва Яҳудо ҷароҳати худро дид, ва Эфроим назди Ашшур рафт, ва назди подшоҳ Ёриб кас фиристод, вале вай наметавонад шуморо шифо диҳад, ва ҷароҳати шуморо муолиҷа намояд.


Исо ин гапро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд. Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».


Ва азоби бисьёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд, —


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan