3 Аммо ман мехоҳам ба Қодир сухан ронам, ва орзу дорам ба Худо исбот намоям.
Валекин кошки Худо сухан биронад, ва лабҳои Худро бар ту бикушояд,
Инак, маро қатл кунад ҳам, ба Ӯ умед хоҳам баст, аммо беайбии роҳҳои худро ба ҳузури Ӯ исбот хоҳам кард.
Ва даъват намо, ва ман ҷавоб хоҳам дод, ё ки сухан ронам, ва ба ман ҷавоб гардон.
Кошки касе маро мешунид! Инак имзои ман! Бигзор Қодир ба ман ҷавоб диҳад! Кошки Даъвогари ман айбномае менавишт!
«Канӣ, камари худро мисли мард бибанд: Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон.
Аммо ман ба Худо илтиҷо менамудам, ва даъвои худро ба Худо месупурдам,
Агар бихоҳад бо Ӯ баҳс кунад, яке аз ҳазор ҳам ба вай ҷавоб нахоҳад дод.
Даъвои худро арз намоед, — мегӯяд Худованд. Далелҳои қатъии худро пешниҳод кунед, — мегӯяд Подшоҳи Яъқуб.
Худовандро бишнавед, эй кӯҳҳо, ва шумо, эй асосҳои матини замин, зеро ки Худованд бо қавми Худ талош дорад, ва бо Исроил мубоҳиса хоҳад кард.