8 Ё бо замин мусоҳиба намо, ва туро таълим хоҳад дод, ва моҳиёни баҳр ба ту ҳикоят хоҳанд кард.
Валекин аз чорпоён бипурс, ва туро таълим хоҳанд дод, ва аз мурғони ҳаво бипурс, ва ба ту хабар хоҳанд дод;
Кист аз ҳамаи онҳо, ки надонад, ки дасти Худованд инро ба вуҷуд овардааст?
Ва Худо ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон, ва чорпоёнро мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноти хазандаи заминро мувофиқи ҷинсаш ба вуҷуд овард. Ва Худо дид, ки хуб аст.