4 Ман барои ёрони худ хандахариш шудаам, — агарчи Худоро мехонам, ва Ӯ маро иҷобат менамояд, — оре, хандахариш шудаам, агарчи одил ва беайб ҳастам.
Оё ҳарзагӯии ту мардумро хомӯш мекунад, ва ту таҳқир менамоӣ, ва касе туро хиҷолат намедиҳад?
Ба фикри лоубол, тамасхур барои мусибатзада аст, ва зарба барои касонест, ки пояшон лағҷидааст.
Инак, ба мурофиа оғоз намудаам; медонам, ки сафед хоҳам шуд.
Мардон даҳони худро бар ман воз кардаанд, бо суханони нангин рухсорҳоямро мезананд; бар қасди ман забон як кардаанд.
Маро тамасхур мекунед, эй дӯстонам! Чашми ман сӯи Худо ашк мерезад,
Ба ростӣ, тамасхуркунандагон гирдогирди мананд, ва чашми ман дар талхгӯиҳои онҳо сокин аст.
Худо маро вирди забони мардум гардондааст, ва ман касе шудаам, ки ҳама ба рӯяш туф мекунанд.
Маро тоқат кунед, ва ман сухан хоҳам ронд; ва баъд аз сухан ронданам тамасхур намо.
Ва алҳол ба ҳоли ман касоне механданд, ки синнашон аз синни ман камтар аст, ва ман розӣ намешудам ба он ки падарони онҳоро бо сагони рамаи худ бимонам.
Валекин алҳол ман суруди таҳқиромези онҳо гардидаам, ва барояшон калимаи тамасхур шудаам.
Он мард кист, ки мисли Айюб тамасхурро мисли об бинӯшад,
Баргардед, то ки ноинсофӣ нашавад. Ва боз баргардед, чунки адолати ман яқин аст.
Ман беайб ҳастам, ғами ҷони худро намехӯрам, аз зиндагии худ безор шудаам.
Дар пирӣ низ бор хоҳанд овард, обдор ва тару тоза хоҳанд буд,
Касе ки бо роҳи рост равад, тарсгори Худованд аст, вале касе ки роҳҳояш каҷ аст, Ӯро хор медорад.
Худовандо, Ту маро саргарм кардӣ, ва ман саргарм шудам; Ту аз ман пурзӯртарӣ — ва ғолиб омадӣ; ман тамоми рӯз хандахариш гардидам: ҳар кӣ маро тамасхур мекунад.
Маро бихон, ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд, ва ба ту чизҳои бузург ва ниҳониеро, ки намедонӣ, баён хоҳам кард.
Вале ман ба Худованд интизорӣ мекашам, ба Худои наҷоти худ таваккал мекунам: Худои ман маро иҷобат хоҳад намуд.
Ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд ва қамише ба дасти рости Ӯ доданд; ва назди Ӯ зону зада, масхаракунон гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!»
Ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо бароед; зеро ки духтар намурдааст, балки хуфтааст». Онҳо бар Ӯ хандиданд.
Ва онҳо бар Ӯ хандиданд, лекин Ӯ ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва бо рафиқонаш ба ҳуҷрае ки духтар хобида буд, даромад.
Ва фарисиён, ки зарпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Ӯро тамасхур карданд.
Вақте ки зикри эҳьёи мурдагонро шуниданд, баъзе касон тамасхур карданд ва баъзеи дигарон гуфтанд: «Дар ин бора дафъаи дигар ба сухани ту гӯш хоҳем дод».
Ва баъзеи дигарон ҳақоратҳо ва шаллоқро, ҳамчунин занҷирҳо ва зиндонро аз сар гузаронданд.