9 Андозаи он аз замин дарозтар ва аз баҳр фарохтар аст.
Агар Ӯ бодвор гузашта равад, ва касеро бандӣ кунад, ва мардумро барои ҷазои вай ҷамъ оварад, — кист, ки Ӯро боздорад?
Он мисли баландиҳои осмон аст, — чӣ метавонӣ бикунӣ? Аз қаъри дӯзах чуқуртар аст, — чӣ метавонӣ бидонӣ?
Ана дар ҳамин хусус ба ту ҷавоб мегардонам, ки ҳақ ба ҷониби ту нест, чунки Худо аз инсон бузургтар аст.
„Он кист, ки машваратро бемаънӣ пинҳон мекунад?“ Ба яқин, ман дар бораи чизҳое ки фаҳм накардаам, фикр баён намудаам, дар бораи корҳои аҷоибе ки аз ақли ман берун аст, ва ман онҳоро намедонам.