8 Он мисли баландиҳои осмон аст, — чӣ метавонӣ бикунӣ? Аз қаъри дӯзах чуқуртар аст, — чӣ метавонӣ бидонӣ?
Оё дар ҳақиқат Худо бар замин бо одамизод сокин мешавад? Охир, осмон ва фалакулафлок наметавонад Туро гунҷоиш диҳад, чӣ ҷои ин хонае ки ман бино кардаам.
Андозаи он аз замин дарозтар ва аз баҳр фарохтар аст.
Худо, охир, дар афрози осмон аст; ба сари ситораҳо бингар: чӣ гуна онҳо баланд аст!
Дӯзаҳ пеши назари Ӯ бараҳна аст, ва барои Абаддон рӯпӯше нест.
Ба осмон назар андоз ва бубин, ва бар фалак бингар, ки аз ту баландтар аст.
Қодирро мо наметавонем дарьёбем: Ӯ дар қувват ва инсоф бузург аст ва дар адолат муаззам; ситам намекунад.
Оё дарвозаи мамот барои ту кушода шудааст? Ва дарвозаи зулмотро дидаӣ?
Чунон ки абр пароканда шуда, нопадид мегардад, ончунон касе ки ба гӯр фурӯ меравад, боло нахоҳад баромад,
Ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро об медиҳанд; гӯрхарон ташнагии худро мешикананд.
Исми Худовандро мадҳ мекунанд, зеро ки танҳо исми Ӯ олишаън аст, шукӯҳи Ӯ бар замин ва осмон аст.
Ва адолати туро мисли нур, ва инсофи туро мисли нимрӯз ба зуҳур хоҳад овард.
Кист, ки ба осмон сууд кард ва аз он ҷо нозил шуд? Кист, ки бодро дар мушти худ ҷамъ кард? Кист, ки обро дар пероҳан банд кард? Кист, ки тамоми ақсои заминро барқарор кард? Номи ӯ чист ва номи писари ӯ чист? Оё медонӣ?
Зеро, чунон ки осмон аз замин баланд аст, ончунон роҳҳои Ман аз роҳҳои шумо, ва фикрҳои Ман аз фикрҳои шумо баланд аст.
Агар дӯзахро рахна карда фурӯд оянд, дасти Ман онҳоро аз он ҷо хоҳад гирифт; ва агар ба осмон сууд кунанд, онҳоро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард.