7 Оё беинтиҳоии Худоро метавонӣ дарьёбӣ? Оё то ба ақсои умқи Қодир метавонӣ бирасӣ?
Худо, охир, дар афрози осмон аст; ба сари ситораҳо бингар: чӣ гуна онҳо баланд аст!
Инак, инҳо ҳиссаест аз роҳҳои Ӯ; ва чӣ сухани андаке дар ҳаққи Ӯ шунидаем! Вале раъди қудрати Ӯро кист, ки тавонад пай барад?»
Он чиро, ки дар дасти Худост, ба шумо таълим хоҳам дод; он чиро, ки аз ҷониби Қодир аст, ниҳон нахоҳам кард.
Ана дар ҳамин хусус ба ту ҷавоб мегардонам, ки ҳақ ба ҷониби ту нест, чунки Худо аз инсон бузургтар аст.
Чаро ба Ӯ даъво мекунӣ, ки аз тамоми аъмоли Худ ҳисобот намедиҳад?
Ба осмон назар андоз ва бубин, ва бар фалак бингар, ки аз ту баландтар аст.
Инак, Худо муаззам аст, ба тавре ки мо наметавонем Ӯро бишиносем; шумораи солҳои Ӯ ҳадду ҳисоб надорад.
Қодирро мо наметавонем дарьёбем: Ӯ дар қувват ва инсоф бузург аст ва дар адолат муаззам; ситам намекунад.
Худо бо овози Худ ба таври аҷоиб гулдуррос мезанад, корҳои бузурге мекунад, ки барои мо ақлнорас аст.
„Он кист, ки машваратро бемаънӣ пинҳон мекунад?“ Ба яқин, ман дар бораи чизҳое ки фаҳм накардаам, фикр баён намудаам, дар бораи корҳои аҷоибе ки аз ақли ман берун аст, ва ман онҳоро намедонам.
Ки Ӯ корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад, корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад:
Мағрурон барои ман қапқон ва камандҳо пинҳон кардаанд, дар сари роҳ дом ниҳодаанд, тузоқҳо барои ман шинондаанд. Село.
Ба мирон таваккал накунед, ба фарзанди одам, ки дар вай наҷоте нест:
Ва бар зидди Худо сухан ронда, гуфтанд: «Оё Худо дар биёбон суфра ороста метавонад?
Кист, ки ба осмон сууд кард ва аз он ҷо нозил шуд? Кист, ки бодро дар мушти худ ҷамъ кард? Кист, ки обро дар пероҳан банд кард? Кист, ки тамоми ақсои заминро барқарор кард? Номи ӯ чист ва номи писари ӯ чист? Оё медонӣ?
Ҳама чизро Ӯ дар вақташ ба хубӣ ба вуҷуд овардааст; ҳамчунин фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст, ба тавре ки онҳо кореро, ки Худо кардааст, аз ибтидо ва то интиҳо наметавонанд дарьёбанд.
Он чи ҳаст, дур аст ва бағоят амиқ аст; пас кист, ки онро дарьёбад?
Магар ту намедонӣ? Магар ту нашнидаӣ? Худованд, Худои ҷовид, ки ақсои заминро офаридааст, хаста намешавад ва лакот намегардад; хиради Ӯ таҳқиқнопазир аст.
Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст, ва ҳеҷ кас Писарро, ҷуз Падар, намешиносад; ва ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад.
Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!
Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад.
Зеро кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то ки Ӯро таълим диҳад? Лекин мо фикри Масеҳро дорем.
Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам