6 Ва асрори ҳикматро ба ту бифаҳмонад, зеро ки асли моҳияти он дучандон аст! Пас бидон, ки Худо баъзе аз гуноҳҳоятро барои ту фаромӯш хоҳад кард.
Ва баъд аз ҳамаи ин бадбахтиҳое ки ба сабаби аъмоли бади мо ва маъсияти бузурги мо ба сари мо омадааст, — гарчанде ки Ту, эй Худои мо, ҷазои гуноҳҳои моро кам карда, ба мо чунин халосие додаӣ, —
Валекин кошки Худо сухан биронад, ва лабҳои Худро бар ту бикушояд,
Ҳикмат ва қудрат дар Ӯст, машварат ва хирад аз они Ӯст.
Оё тасаллиҳои Худо барои ту кам аст? Ва сухане ки бо мулоимат ба ту гуфта мешавад?
Зеро ки гуноҳи ту даҳони туро ром намудааст, ва ту забони ҳилагаронро хуш кардаӣ.
Оё рози Худоро шунидаӣ? Ва ҳикматро сӯи худ ҷалб намудаӣ?
Оё шарорати ту бузург нест? Ва гуноҳҳои ту беинтиҳо нест?
Ва ба одамизод гуфт: „Инак, тарси Худованд ҳикмат аст, ва аз бадӣ дур шудан хирад аст“».
Ана дар ҳамин хусус ба ту ҷавоб мегардонам, ки ҳақ ба ҷониби ту нест, чунки Худо аз инсон бузургтар аст.
Ӯ донодил ва бо қуввати Худ ҷасур аст; кист, ки бар зидди Ӯ қиём карда, саломат монда бошад?
Чашмаҳоро ба наҳрҳо равона кардаӣ: дар миёни кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд,
Эҳсонҳои Худованд поён надорад, ва марҳаматҳои Ӯ беинтиҳост;
Аммо Худое дар осмон ҳаст, ки Ошкоркунандаи розҳост, ва Ӯ подшоҳ Набукаднесарро аз он чи дар айёми охир ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Хоби ту ва рӯъёи сари ту бар бистари ту ин буд:
Подшоҳ ба Дониёл ҷавоб гардонда, гуфт: «Ба ростӣ Худои шумо Худои худоён ва Хукмфармои подшоҳон ва Ошкоркунандаи розҳо мебошад, зеро ки ту тавонистӣ ин розро ошкор намоӣ!»
То ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: «Даҳони Худро ба масалҳо мекушоям; чизҳоеро, ки аз офариниши олам пинҳон мондааст, баён менамоям».
Он дар наслҳои пешина ба банӣ‐одам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба ҳаввориёни муқаддаси Ӯ ва ба анбиё ба василаи Рӯҳ ошкор шудааст,
Чизҳои ниҳонӣ аз они Худованд Худои мост, ва чизҳои ошкор то абад аз они мо ва фарзандони мост, то ки ҳамаи суханони ин шариатро ба амал оварем.