5 Валекин кошки Худо сухан биронад, ва лабҳои Худро бар ту бикушояд,
Ва ту мегӯӣ: „Сабақи ман пок аст, ва ман дар чашмони Ту беайб ҳастам“.
Ва асрори ҳикматро ба ту бифаҳмонад, зеро ки асли моҳияти он дучандон аст! Пас бидон, ки Худо баъзе аз гуноҳҳоятро барои ту фаромӯш хоҳад кард.
Кошки касе маро мешунид! Инак имзои ман! Бигзор Қодир ба ман ҷавоб диҳад! Кошки Даъвогари ман айбномае менавишт!
Онҳоро якҷоя дар хок ниҳон намо ва рӯйҳошонро дар ниҳонхонае банд кун.
Ва воқеъ шуд баъд аз он ки Худованд ин суханонро ба Айюб гуфт, Худованд ба Алифози Темонӣ чунин гуфт: «Ғазаби Ман бар ту ва бар ду дӯсти ту оташ гирифтааст, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед.