4 Ва ту мегӯӣ: „Сабақи ман пок аст, ва ман дар чашмони Ту беайб ҳастам“.
Агарчи медонӣ, ки айбдор нестам, ва аз дасти Ту халоскунандае нест?
Валекин кошки Худо сухан биронад, ва лабҳои Худро бар ту бикушояд,
Кист, ки тавонад аз чизи наҷис чизи поке берун оварад? Як нафар ҳам нест.
«Оё инро адлу инсоф ҳисоб мекунӣ, ки гуфтаӣ: „Ман аз Худо одилтарам“?
Ва ин барои ман боз як тасаллӣ мешуд, ва ман дар азияти беамони худ аз он дилхуш мешудам, ки суханони Қуддусро инкор накардаам.
Ҳатто гуноҳ карда бошам ҳам, ба Ту, эй нигаҳбони одамизод, чӣ метавонам бикунам? Чаро маро ҳадафи Худ гардондаӣ, ба тавре ки ман барои худ бори гарон шудаам?
Зеро ки ба шумо сабақи некӯ медиҳам; таълими маро тарк накунед.
Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед: