Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 11:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва шахси ҷоҳил соҳибдил хоҳад шуд, ва мисли харкурраи ваҳшӣ бошад ҳам, одами дуруст хоҳад гардид.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 11:12
24 Iomraidhean Croise  

Инсон чист, ки пок бошад? Ва оё зодаи зан одил мешавад?


Ва ба одамизод гуфт: „Инак, тарси Худованд ҳикмат аст, ва аз бадӣ дур шудан хирад аст“».


Ӯ хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад, ва машварати каҷкорон барбод меравад;


Оё гӯрхар дар алафзор ҳанг мезанад? Оё наргов дар сари охури худ маос мезанад?


Аъмоли Туро насл бо насл ситоиш хоҳад намуд, ва қудрати Туро ривоят хоҳад кард.


Адолати Туро андаруни дилам махфӣ надоштаам, вафо ва наҷоти Туро баён кардаам, эҳсон ва ростии Туро аз ҷамоати бузург пинҳон надоштаам.


Хушо марде ки ба Худованд таваккал мекунад, ва ба мутакаббирон ва пайравони кизб рӯ намеоварад!


Бадиро аз некӣ бештар дӯст медорӣ, ва дурӯғро аз ҳақгӯӣ бештар. Село.


Бархез, эй Худо, доди Худро бигир; ба ёд ор, ки нокасе ҳар рӯз Туро мазаммат мекунад.


Ҳеҷу пуч аст, гуфт Воиз, ҳеҷу пуч аст, ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!


Ва ғуссаро аз дили худ берун намо, ва бадиро аз ҷисми худ дур андоз, зеро ки наврасӣ ва ҷавонӣ ҳеҷу пуч аст.


Ман дар дили худ дар ҳаққи банӣ‐одам гуфтам, ки Худо ба онҳо имтиҳоне дод, то бубинанд, ки онҳо ба худии худ мисли чорпоёнанд,


Ту мисли гӯрхари модаи ба биёбон одаткардае ҳастӣ, ки он дар айни пурзӯр шудани шаҳвати дилаш кандаканда нафас мекашад, ва кист, ки онро аз шавқи он боздошта тавонад? Ҳамаи толибони он хаста нахоҳанд шуд: онро дар моҳи он хоҳанд ёфт.


Бо вуҷуди он ки ҳудашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда,


Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳакирон муошират намоед; худро доно мапиндоред.


Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.


Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan