Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 10:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ба ёд овар, ки маро мисли сафол сириштаӣ, — ва маро ба хок бармегардонӣ?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 10:9
25 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба бинии вай рӯҳи ҳаёт дамид, ва одам ҷони зинда шуд.


Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд, то даме ки ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт».


Ту, охир, маро мисли шир рехтаӣ, ва маро мисли панир ба қиём овардаӣ.


Агар ба гӯр гӯям: „Ту падари ман ҳастӣ“, ва ба кирм гӯям: „Ту модар ва хоҳари ман ҳастӣ“, —


Инак, ман нисбат ба Худо мисли ту ҳастам: ман низ аз гил сиришта шудаам.


Тамоми башар якбора нест хоҳад шуд, ва одамизод ба хок хоҳад баргашт.


Чӣ қадар зиёдтар дар сокинони хонаҳои гилин, ки асосашон хок аст, ва мисли куя зуд маҳв мешаванд:


Ва чаро ҷиноятамро намеомурзӣ, ва аз гуноҳам намегузарӣ? Зеро ки ҳоло дар хок хоҳам хобид, ва маро хоҳӣ ҷуст, — ва дигар нахоҳам буд».


Ба ёд овар, ки ҳаёти ман бод аст, ва чашми ман некиро дигар нахоҳад дид.


Алафро барои чорпо мерӯёнӣ, ва сабзаро барои хизмати одамизод, то ки аз замин нон ҳосил кунад,


Обҳои онҳоро ба хун табдил дод, ва моҳиёни онҳоро миронид.


Дар биёбон, дар роҳи бероҳа овора буданд; шаҳри маскуне намеёфтанд.


Ба яқин Ӯ туро аз доми сайёд, аз вабои ҳалокатовар халос хоҳад кард.


Ва хок бар замин баргардад, ончунон ки буд; ва рӯҳ назди Худо, ки онро бахшида буд, баргардад.


Эй вой бар касе ки бо Офаринандаи худ муноқиша мекунад, дар сурате ки худаш сафолпорае аз сафолпораҳои рӯи замин аст! Оё гил ба кӯзагар мегӯяд: «Чӣ чизе сохтаӣ?» Ва ё маснӯи ту мегӯяд: «Ӯ дасти моҳир надорад!»


Ва касе нест, ки исми Туро бихонад, ва бедор шуда, Туро пайравӣ намояд, зеро ки Ту рӯи Худро аз мо пинҳон кардаӣ, ва моро гузоштаӣ, ки аз гуноҳҳои худ нобуд шавем.


Ва акнун, эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем.


«Оё Ман ба шумо, эй хонадони Исроил, мисли ҳамин кулолгар наметавонам рафтор намоям? — мегӯяд Худованд. — Инак, чунон ки гил дар дасти кӯзагар аст, ончунон шумо, эй хонадони Исроил, дар дасти Ман мебошед.


Оё кӯзагар ихтиёр надорад, ки аз айни як гил зарфе барои истеъмолоти олӣ ва зарфи дигаре барои истеъмолоти паст бисозад?


Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan