6 Ки гуноҳи маро ҷустуҷӯ менамоӣ ва хатои маро кофтуков мекунӣ,
Гуноҳҳо ва хатоҳои ман чӣ қадар аст? Ҷиноят ва хатои маро ба ман маълум намо.
Зеро ки он гоҳ қадамҳои маро дар шумор меовардӣ, ва хатои маро намепоидӣ;
Оё шикоятам ба зидди одамест, ки мисли ман бошад? Ва чаро ман бесабрӣ накунам?
Чаро ба Ӯ даъво мекунӣ, ки аз тамоми аъмоли Худ ҳисобот намедиҳад?
Ҳатто гуноҳ карда бошам ҳам, ба Ту, эй нигаҳбони одамизод, чӣ метавонам бикунам? Чаро маро ҳадафи Худ гардондаӣ, ба тавре ки ман барои худ бори гарон шудаам?
Дар домани либосат низ хуни ҷонҳои мискинони бегуноҳ ёфт шуд: агарчи онҳоро дар вақти дуздӣ наёфтаӣ, бо вуҷуди ҳамаи инҳо,
Ва дар он вақт чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман Ерусалимро бо чароғҳо тафтиш хоҳам кард, ва шахсонеро, ки бар дурди худ нишаста, дар дили худ мегӯянд: „Худованд на некӣ мекунад ва на бадӣ“, муҷозот хоҳам намуд.
Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.
Ва чун аз он ҷо Худованд Худои худро ҷӯё шавӣ, Ӯро хоҳӣ ёфт, агар Ӯро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ биҷӯӣ.