4 Оё Туро чашмони башар аст? Оё дидани Ту мисли дидани инсон аст?
Ба вай Ӯ амният мебахшад, ва бар он вай такья мекунад; ва чашмони Ӯ бар роҳҳои онҳост.
Зеро ки Ӯ то ба ақсои замин назар мекунад, ва он чиро, ки зери тамоми осмон аст, мебинад.
Зеро ки чашмони Ӯ бар роҳҳои кас аст, ва ҳамаи қадамҳои варо мебинад.
Зеро ки Ӯ мисли ман одамизод нест, ки тавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам, ва якҷоя ба дорулқазо биравем.
Ба онҳо гуфт: «Шумо худро пеши мардум одил вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст: зеро он чи дар назари мардум олидараҷа аст, пеши Худо зишт аст.
Сари Ӯ ва мӯи Ӯ мисли пашм ё барф сафед буд; ва чашмони Ӯ мисли шӯълаи оташ;
Вале Худованд ба Самуил гуфт: «Ба қиёфааш ва қомати баландаш назар наандоз, чунки Ман ӯро хуш накардаам; он чи одам мебинад, ҳеҷ аст, зеро одам фақат он чиро, ки ба чашм намоён аст, мебинад, вале Худованд он чиро, ки дар дил аст, мебинад».