Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 10:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Оё барои Ту хуб аст, вақте ки ситам мекунӣ, вақте ки аз амали дастҳои Худ нафрат менамоӣ, ва бар машварати шарирон нурафкан мешавӣ?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 10:3
27 Iomraidhean Croise  

Дастҳои Ту сурати маро сохта, ҳаматарафа мукаммал намудааст ва маро офаридааст, — ва маро нобуд мекунӣ?


Маро даъват менамудӣ, ва ман ба Ту ҷавоб мегардондам; иштиёқманди амали дастҳои худ мегаштӣ,


Зеро ки рӯҳи худро ба зидди Худо нигаронидаӣ, ва аз даҳонат чунин суханонро мебарорӣ.


Худо маро ба ноинсофон таслим намудааст, ва ба дасти шарирон маро супурдааст.


Пас бидонед, ки Худо дар ҳаққи ман каҷкорӣ намудааст ва бо тӯри Худ маро печонда гирифтааст.


Яқин дорам, ки нозу неъматашон дар дасти онҳо нест. Машварати шарирон аз ман дур бод!


Ва ҳол он ки Ӯ хонаҳошонро аз нозу неъмат пур карда буд. Машварати шарирон аз ман дур бод!


«Қасам ба ҳаёти Худо, ки Ӯ маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст, ва ба ҳаёти Қодир, ки ҷони маро талх кардааст,


Нисбат ба ман бераҳм гардидаӣ, бо қудрати дасти Худ ба ман кина меварзӣ.


Охир, Ӯ ки маро дар батн офардидааст, варо низ офаридааст, ва ҳар дуро Ягона дар раҳим ба вуҷуд овардааст.


Рӯҳи Худо маро ба вуҷуд овардааст, ва нафаси Қодир ба ман ҳаёт бахшидааст.


«Канӣ, камари худро мисли мард бибанд: Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон.


Онҳоро якҷоя дар хок ниҳон намо ва рӯйҳошонро дар ниҳонхонае банд кун.


Инак, Худо беайбро тарк наменамояд, ва бадкешонро дастгирӣ намекунад.


Фарқ надорад, бинобар ин мегӯям, ки Ӯ беайб ва шарирро ба ҳалокат мерасонад.


Замин ба дасти шарир дода шудааст; вай рӯи доварони онро мепӯшонад. Агар Ӯ набошад, пас кист?


Пеши назари худ чизи қабеҳро нахоҳам гузошт; аз амали гумроҳон нафрат дорам; ба ман нахоҳад часпид.


Агар ба осмон бароям, он ҷо Ту ҳастӣ, ва агар дар гӯр бистар андозам, он ҷо низ Ту ҳастӣ.


Ва акнун, эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем.


Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan