16 Ва агар як лаҳза сар бардорам, Ту мисли шер маро сайд хоҳӣ кард, ва боз корҳои аҷоиби Худро ба ман нишон хоҳӣ дод.
Чаро рӯи Худро пинҳон медорӣ, ва маро душмани Худ ҳисоб мекунӣ?
Ғазаби Ӯ маро медарад ва бо ман адоват дорад; дандонҳои Худро бар ман ғиҷиррос мезанонад. Душманам чашмонашро ба ман ало мекунад.
Ки Ӯ корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад, корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад:
То субҳ ман сокит будам; мисли шер Ӯ ҳамаи устухонҳои маро хоҳад шикаст; аз рӯз то шаб Ту кори маро тамом хоҳӣ кард.
Бинобар ин шере аз ҷангал онҳоро талаф хоҳад намуд, гурги биёбон онҳоро тороҷ хоҳад кард, паланг назди шаҳрҳои онҳо камин хоҳад гирифт: ҳар кӣ аз онҳо берун равад, дарида хоҳад шуд; зеро ки гуноҳҳои онҳо афзун шуда, муртадиҳои онҳо пурзӯр гардидааст.
Ӯ барои ман хирси каминвар аст, шерест, ки дар ҷои ниҳонӣ бошад;
Зеро ки Ман мисли шер барои Эфроим ва мисли шербача барои хонадони Яҳудо хоҳам буд; Ман, Ман медарам ва меравам, бардошта мебарам, ва халоскунандае нахоҳад буд.
Шер наъра задааст, — кист, ки ҳаросон нашавад? Худованд Худо сухан рондааст, — кист, ки нубувват накунад?»
Худованд ба ту ва ба насли ту зарбаҳои даҳшатангез хоҳад расонид, зарбаҳои азим ва давомдор, ва бемориҳои сахт ва давомдор;