1 Ҷони ман аз зиндагии ман безор шудааст; ба андӯҳи худ дода мешавам; аз талхии ҷони худ сухан меронам.
Ва худаш дар биёбон роҳи якрӯзаро тай намуд, ва омада, зери дарахти ратам нишаст, ва ба ҷони худ маргро хоста, гуфт: «Бас аст! Алҳол, эй Худованд, ҷони маро бигир, зеро ки ман аз падарони худ беҳтар нестам».
Кошки маро дар гӯр руст мекардӣ, то вақти фурӯ нишастани ғазабат пинҳон медоштӣ ва бароям мӯҳлате муайян намуда, пас аз он маро ба ёд меовардӣ!
Ва агар ҳақиқатан ғалат карда бошам, ғалатам бо ман мондааст.
Дар вақти қаҳтӣ туро аз мурдан халос мекунад, ва дар ҷанг аз дасти шамшер.
Оё гумон мекунед, ки суханон барои исбот кофист? Ва гуфтори маъюс мисли бод аст?
Ман низ даҳони худро нахоҳам боздошт, аз тангии рӯҳи худ сухан хоҳам ронд, аз талхии ҷони худ шиква хоҳам кард.
Аз ҷон безор шудаам, то абад зиндагӣ нахоҳам кард; маро тарк намо, зеро ки рӯзҳоям ҳеҷу пуч аст.
Ман беайб ҳастам, ғами ҷони худро намехӯрам, аз зиндагии худ безор шудаам.
Чӣ метавонам бигӯям? Ӯ ба ман гуфт — ва Ӯ ба ҷо овард. Тамоми солҳои худро бо талхии ҷонам оҳиста‐оҳиста ба сар хоҳам бурд.
Инак, талхӣ барои ман ба саломатӣ мубаддал шуд, ва Ту лутф намуда, ҷони маро аз чоҳи ҳалокат баровардӣ, чунки ҳамаи гуноҳҳои маро ба пушти Худ партофтӣ.
Ва акнун, эй Худованд, ҷони маро аз ман бигир, зеро ки мурданам аз зистанам беҳтар аст».
Вақте ки офтоб баромад, Худо боди шарқии тафсоне вазонид, ва офтоб сари Юнусро зад, ва ӯ беҳол шуд ва ба худ марг талабида, гуфт: «Мурданам аз зистанам беҳтар аст».
Ва модоме ки Ту бо ман чунин рафтор менамоӣ, беҳтар аст, ки маро бикушӣ, — агар дар назарат илтифот ёфта бошам, — то ки ман бадбахтии худро набинам».