Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 1:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Оё Айюб бесабаб аз Худо метарсад?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 1:9
9 Iomraidhean Croise  

Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро Ту баракат додаӣ, ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст.


Ва гуфт: «Аз батни модари худ бараҳна берун омадам, ва ба он ҷо бараҳна хоҳам баргашт. Худованд дод, ва Худованд гирифт. Исми Худованд муборак бод»!


Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард.


Кошки касе низ аз байни шумо ёфт мешуд, ки дарҳоро бандад, то ки бар қурбонгоҳи Ман бар абас оташ дарнагиронанд! Ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар шумо нест, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ҳадияеро аз дасти шумо хоҳон нестам.


Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад? Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?


Зеро ки машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.


Аммо диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад.


Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan