Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 1:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 1:8
29 Iomraidhean Croise  

Ва монанди ӯ пеш аз ӯ подшоҳе набуд, ки бо тамоми дилаш ва бо тамоми ҷонаш ва бо тамоми қувваташ, бар тибқи тамоми Тавроти Мусо, ба Худованд руҷӯъ карда бошад; ва баъд аз ӯ монанди ӯ ба майдон наомадааст.


Ва ҳол он ки волиёни собиқ, ки пеш аз ман буданд, бар қавм гаронӣ мекарданд, ва аз онҳо, ба замми чил сиқл нуқра, нон ва шароб мегирифтанд; навкаронашон низ бар қавм ҳукмронӣ мекарданд. Валекин ман, аз тарси Худо, ин тавр накардам.


Марде дар замини Ус буд, ки Айюб ном дошт, ва он мард беайб ва росткор ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд.


Ман барои ёрони худ хандахариш шудаам, — агарчи Худоро мехонам, ва Ӯ маро иҷобат менамояд, — оре, хандахариш шудаам, агарчи одил ва беайб ҳастам.


Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарони Худо омаданд, то ки пеши Худованд ҳозир шаванд; ва шайтон низ дар миёни онҳо омад, то ки пеши Худованд ҳозир шавад.


Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест? Ва ӯ ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст, ва ҳол он ки ту Маро бар зидди ӯ барангехтӣ, то ӯро бесабаб нобуд кунам».


Агар Ӯ дили Худро сӯи Худ нигаронида, рӯҳи Худ ва нафаси Худро назди Худ фароҳам оварад, —


Инак, Худо беайбро тарк наменамояд, ва бадкешонро дастгирӣ намекунад.


Мисли он ки дӯстам ё бародарам бошад, рафтор мекардам; мисли он ки барои модарам мотам гирифта бошам, ғамгин ва сархам будам.


Таронаи Довуд. Ба бадкешон рашк накун, аз ноинсофон ҳасад набар,


Эҳсон ва ростӣ мулоқот хоҳанд кард, адолат ва осоиштагӣ якдигарро хоҳанд бӯсид.


Худотарсӣ — аз бадӣ нафрат доштан аст: аз ғурур, ва ҳавобаландӣ, ва роҳи бад, ва даҳони каҷгуфтор нафрат дорам.


Шустушӯй кунед, пок шавед; аъмоли бади худро аз чашмони Ман дур созед; аз бадкирдорӣ даст кашед.


Инак, Бандаи Ман, ки Ӯро Ман дастгирӣ мекунам, баргузидаи Ман, ки ҷони Ман ба Ӯ таваҷҷӯҳ менамояд. Ман рӯҳи Худро бар Ӯ ниҳодаам, ва Ӯ инсофро барои халқҳо ҷорӣ мекунад.


Ва он мард ба ман гуфт: «Эй писари одам! Бо чашмони худ бубин ва бо гӯшҳои худ бишнав, ва дили худро ба ҳар чизе ки ба ту нишон диҳам, равона намо, зеро ту ба ин ҷо барои он оварда шудаӣ, ки ба ту нишон диҳам; ҳар он чи ту мебинӣ, ба хонадони Исроил маълум намо».


Ва Мусо марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст.


Исо чун дид, ки Натанъил сӯи Ӯ меояд, дар бораи вай гуфт: «Инак, исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай макре нест».


«Мусо, бандаи Ман, вафот ёфт; ва алҳол бархоста, аз ин рӯди Урдун убур намо, ту ва тамоми ин қавм, ба замине ки Ман ба онҳо, ба банӣ‐Исроил, медиҳам.


Фақат қавӣ ва далер бош, то ки бо риояти дурусти тамоми шариате ки Мусо, бандаи Ман, ба ту амр фармудааст, амал намоӣ; аз он ба тарафи рост ё чап дур нашав, то ба ҳар ҷое ки меравӣ, муваффақият ба даст оварӣ.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan