7 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз давр задан бар замин ва аз гаштугузор кардан бар он».
Ва ӯ омада, назди оғои худ истод. Ва Элишоъ ба ӯ гуфт: «Аз куҷо омадӣ, эй Ҷеҳазӣ?» Ва ӯ гуфт: «Бандаат ба ҳеҷ ҷо нарафта буд».
Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз давр задан бар замин ва аз гаштугузор кардан бар он».
Ва аспони қавӣ берун рафтаанд, ва саъю кӯшиш доранд гардиш кунанд, то ки заминро тай намоянд». Ва ӯ гуфт: «Биравед, заминро тай намоед». Ва онҳо рафта, заминро тай карданд.
Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва намеёбад;
Ҳушьёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад;
Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд.
Ва берун хоҳад омад, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи замин ҳастанд, яъне Ҷуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад; шумораи онҳо мисли реги баҳр аст.