Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 1:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва ҳангоме ки давраи рӯзҳои базм анҷом меёфт, Айюб кас фиристода, онҳоро такдис менамуд, ва саҳаргоҳон бархоста, мувофиқи адади ҳамаи онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ мебаровард, зеро ки Айюб мегуфт: «Шояд, писаронам хато карда, Худоро дар дили худ хорӣ дода бошанд». Айюб ҳама вақт чунин амал мекард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 1:5
36 Iomraidhean Croise  

Ва Иброҳим бомдодон бархоста, хари худро зин кард, ва ду нафар аз ғуломбачагонаш ва Исҳоқ писарашро ҳамроҳи худ гирифт; ва ҳезум барои қурбонии сӯхтанӣ шикаст, ва бархоста, сӯи маконе ки Худо ба ӯ гуфт, равона шуд.


Ва Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисьёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст.


Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.


Ва Ильёс дувоздаҳ санг гирифт, бар тибқи шумораи сибтҳои банӣ‐Яъқуб, ки каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, гуфта буд: «Номи ту Исроил хоҳад буд».


Ва ду шахси нобакорро дар рӯ ба рӯи ӯ биншонед, то ки онҳо гувоҳӣ дода, бигӯянд: „Ту дар ҳаққи Худо ва подшоҳ куфр гуфтӣ“; ва ӯро берун бароварда, сангсор кунед, то ки бимирад».


Ва ду шахси нобакор омада, дар рӯ ба рӯи ӯ нишастанд, ва ин шахсони нобакор пеши қавм ба зидди Нобӯт гувоҳӣ дода, гуфтанд: «Нобӯт дар ҳаққи Худо ва подшоҳ куфр гуфт». Ва ӯро аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд, ва ӯ мурд.


Ва коҳинону левизодагон таҳорат намуданд, ва қавм ва дарвозаҳо ва ҳисорро татҳир карданд.


Аммо дасти Худро дароз карда, ба ҳар чизе ки ӯ дорад, бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».


Ва писарони ӯ рафта, дар хонаи ҳар яке дар рӯзи вай базм барпо мекарданд, ва кас фиристода, се хоҳари худро даъват менамуданд, то ки бо онҳо бихӯранд ва бинӯшанд.


Ва занаш ба ӯ гуфт: «Оё ту ҳанӯз ба беайбии худ қоим ҳастӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир».


Оё ӯ аз Қодир шодкомӣ хоҳад ёфт, ва ҳар вақт Худоро хоҳад хонд?


Бар рӯи хок мислаш нест, ки чунин нотарс офарида шуда бошад.


Ва акнун барои худ ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқор бигиред, ва назди бандаи Ман Айюб биравед, ва барои худ қурбонии сӯхтанӣ бароваред, ва бандаи Ман Айюб барои шумо дуо хоҳад гуфт, зеро ки фақат рӯи ӯро иҷобат хоҳам намуд, бе он ки ба шумо бадӣ бикунам, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед».


Маъюс аз ҷониби ёраш сазовори марҳамат аст, агарчи тарси Қодирро тарк карда бошад.


Модоме ки писаронат назди Ӯ хато кардаанд, Ӯ онҳоро ба дасти гуноҳашон супурдааст.


Овози истиғосаамро бишнав, эй Подшоҳи ман ва Худои ман! Зеро ки ба Ту дуо мегӯям.


Ва Йитрӯ, падарарӯси Мусо, қурбонии сӯхтанӣ ва забҳҳо барои Худованд гирифт; ва Ҳорун ва ҳамаи пирони Исроил омаданд, то ки бо падарарӯси Мусо ба ҳузури Худованд нон бихӯранд.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди қавм рафта, онҳоро имрӯз ва фардо тақдис намо, ва бигзор онҳо либосҳошонро шустушӯ кунанд,


Ва ҷавононро аз миёни банӣ‐Исроил фиристод, ва онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои саломатӣ аз говон барои Худованд забҳ карданд.


Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат.


Дили худро аз шарорат шустушӯй намо, эй Ерусалим, то ки наҷот ёбӣ; то ба кай фикру хаёлҳои бади ту андаруни ту сокин бошад?


Ва агар ин се мард: Нӯҳ, Дониёл ва Айюб андаруни он бошанд, — онҳо бо адолати худ фақат ҷонҳои худро раҳо хоҳанд кард, мегӯяд Худованд Худо.


Ба Ӯ бо қудсият ва адолат хизмат кунем, дар ҳолате ки тамоми айёми умри худ пеши Ӯ бошем.


Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд?


Чун иди фисҳи яҳудиён наздик шуд, мардуми бисьёре аз ҳар тарафи мамлакат пеш аз фисҳ ба Ерусалим омаданд, то ки худро татҳир намоянд.


Павлус он одамонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намуд ва рӯзи дигар ба маъбад даромад ва анҷоми рӯзҳои таҳоратро, ки бояд барои ҳар яке аз онҳо ҳадияе пешкаш карда шавад, эълон кард.


Акнун аз ин шарорати ҳуд тавба кун ва ба Худо дуо гӯй: шояд, ин қасди дилат омурзида шавад;


Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.


Зеро ман дар ҳаққи шумо бо рашки Худо рашк менамоям, чунки шуморо ба марди ягонае номзад сохтаам, то ки чун бокираи поке ба Масеҳ пешниҳод намоям.


Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед,


Гуфт: «Ассалом! Омадаам, то ки барои Худованд қурбонӣ кунам. Худро тақдис намуда, бо ман ба қурбонӣ биёед». Ва ӯ Йисой ва писаронашро тақдис кунонид, ва онҳоро ба қурбонӣ даъват намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan