Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва чорвои ӯ аз ҳафт ҳазор бузу гӯсфанд ва се ҳазор шутур ва панҷсад ҷуфт гов ва панҷсад модахар иборат буд, ва ӯ ғуломону канизони бағоят зиёде дошт; ва ин мард аз тамоми аҳли шарқ бузургтар буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 1:3
34 Iomraidhean Croise  

Ва ба хотири вай ба Абром некӣ кард; ва Абром соҳиби гӯсфандон, ва говон, ва харон, ва ғуломон, ва канизон, ва хачирон, ва шутурон гардид.


Ва Абром зани худ Сорай ва бародарзодаи худ Лутро бо тамоми дороие ки андӯхта буданд, ва бо ашхосе ки дар Ҳоррон доштанд, гирифт; ва берун омаданд, то ки сӯи замини Канъон равона шаванд; ва ба замини Канъон омаданд.


Вале замин ба онҳо гунҷоиш намедод, ки дар як ҷо сокин шаванд, зеро ки дороияшон бисьёр буд, ва наметавонистанд дар як ҷо сокин шаванд.


Ва Худованд оғои маро бисьёр баракат додааст, ва ӯ бузург шудааст, ва гӯсфандону говон, нуқра ва тилло, ғуломону канизон, шутурону харон ба ӯ додааст.


Ва ба писарони сурриягоне ки Иброҳим дошт, Иброҳим тӯҳфаҳо дод, ва онҳоро, дар ҳини зиндагии худ, аз пеши писари худ Исҳоқ ба ҷониби шарқ, ба машриқзамин фиристод.


Ва Яъқуб ба роҳ даромада, ба замини аҳли машриқ равона шуд.


Дусад модабуз ва бист нарбуз, дусад меш ва бист қӯчқор,


Оё рамаҳои онҳо, дороии онҳо, ва тамоми чорвои онҳо аз они мо намешавад? Фақат ба онҳо розигӣ диҳем, ва онҳо бо мо ҳамнишин хоҳанд шуд».


Сарватдор гӯсфандон ва говони бағоят бисьёр дошт,


Ва ҳикмати Сулаймон аз ҳикмати тамоми мардуми Шарқ, ва аз тамоми ҳикмати Миср зиёд буд.


Ва Менаҳем ин нуқраро бар Исроил, бар ҳамаи амлокдорон гузошт, то ки ҳар яке аз онҳо панҷоҳ сиқл нуқра барои подшоҳи Ашшур бидиҳад. Ва подшоҳи Ашшур баргашт, ва дар он ҷо дар мамлакат наистод.


Ва Мешаъ, подшоҳи Мӯоб, чорводор буд, ва ба подшоҳи Исроил сад ҳазор меш ва сад ҳазор қӯчқор бо пашми он мефиристод.


Ва бар шутурҳо — Убили исмоилӣ; ва бар модахарҳо — Еҳдиёҳуи мирӯнутӣ;


Ва бурҷҳо дар биёбон бино кард, ва чоҳҳои бисьёр канд, зеро ки чорвои зиёде дар пастӣ ва дар даштрӯя, ва зореон ва боғбонон дар кӯҳистон ва боғистон дошт, чунки зироатро дӯст медошт.


Ва аз баҳри худ шаҳрҳо сохт, ва паноҳгоҳҳо барои рамаҳои сершумори гӯсфандон ва говон, зеро ки Худо ба ӯ молу мулки бағоят зиёде ато намуд.


Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро Ту баракат додаӣ, ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст.


Ва писарони ӯ рафта, дар хонаи ҳар яке дар рӯзи вай базм барпо мекарданд, ва кас фиристода, се хоҳари худро даъват менамуданд, то ки бо онҳо бихӯранд ва бинӯшанд.


Зеро ки мегӯед: „Куҷост хонаи наҷиб? Ва куҷост хаймаи масканҳои шарирон?“


Роҳи онҳоро интихоб менамудам ва дар садри маҷлис менишастам, ва дар миёни фавҷ мисли подшоҳе сокин будам, ва мисли шахсе ки азодоронро тасаллӣ медиҳад.


Агар шодӣ карда бошам аз он ки дороии ман фаровон аст, ва дастам сарвати бузурге пайдо кардааст;


Шумораи қадамҳои худро ба Ӯ мегуфтам, мисли мире ба Ӯ наздик мешудам.


Ва Худованд Айюбро ба вазъияти пештараи ӯ баргардонид, вақте ки ӯ барои дӯстони худ дуо гуфт; ва Худованд ба Айюб ҳар он чи пештар дошт, дучандон зиёд кард.


Ва Худованд охири Айюбро бештар аз аввали ӯ баракат дод, ва ӯро чордаҳ ҳазор бузу гӯсфанд ва шаш ҳазор шутур ва ҳазор ҷуфт гов ва ҳазор модахар буд.


Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад.


Дар бораи Қедор ва дар бораи мамлакатҳои Ҳосӯр, ки Набукаднесар подшоҳи Бобил онҳоро зарба задааст, Худованд чунин мегӯяд: «Бархезед, ба Қедор ҳуҷум оваред ва писарони шарқро тороҷ кунед!


Ва ӯ масали худро оварда, гуфт: «Болоқ, подшоҳи Мӯоб, маро аз Арам, аз кӯҳҳои шарқ овард: „Биё, Яъқубро барои ман лаънат намо, ва биё, Исроилро нафрин фармо!“


Ва ҳангоме ки банӣ‐Исроил кишт мекарданд, мардуми Мидьён ва Амолеқ ва аҳли машриқ пайдо шуда, бар онҳо ҳуҷум меоварданд.


Зеро ки онҳо бо чорвои худ ва бо хаймаҳои худ меомаданд, ва мисли малах бисьёр буданд, ба тавре ки худашон ва шутурҳошон сону шумор надоштанд; ва ба ин замин меомаданд, то ки онро валангор кунанд.


Ва Мидьён ва Амолеқ ва тамоми аҳли машриқ, ки дар водӣ ӯрду зада буданд, мисли малах сершумор буданд; ва шутурони онҳо сону шумор надошт, мисли реге ки дар соҳили баҳр аст, бисьёр буд.


Ва Забаҳ ва Салмуноъ дар Қарқӯр буданд, ва ӯрдуи онҳо тақрибан аз понздаҳ ҳазор нафар иборат буд, ки инҳо аз тамоми ӯрдуи аҳли машриқ боқӣ монда буданд, чунки саду бист ҳазор нафар мардони ҷангӣ несту нобуд шуда буданд.


Ва марде дар Моӯн буд, ки дороияш дар Кармил буд, ва ин мард бағоят сарватдор буда, се ҳазор гӯсфанд ва ҳазор буз дошт; ва ӯ дар мавсими пашмбурии рамаҳояш дар Кармил буд.


Ва Довуд он заминро валангор карда, марде ва занеро зинда намегузошт, ва бузу гӯсфандон, ва говон, ва харон, ва шутурон ва либоси онҳоро мегирифт, ва баргашта, назди Окиш меомад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan