Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 1:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Оташи Худо аз осмон афтода, бузу гӯсфандон ва навкаронро сӯзонд, ва онҳоро нобуд кард; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 1:16
13 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд бар Садӯм ва Амӯро кибрит ва оташ аз ҷониби Худованд аз осмон боронид.


Ва оташи Худованд фурӯ рехта, қурбонии сӯхтанӣ ва ҳезум ва хокро фурӯ бурд, ва оберо, ки дар хандақ буд, лесид.


Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба мирипанҷоҳ гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташ аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.


Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба онҳо гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташи Худо аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.


Инак, оташ аз осмон фурӯ рехта, ду мирипанҷоҳи аввалро бо панҷоҳ нафари онҳо сӯзонид; ва алҳол ҷони ман дар назари ту азиз бошад».


Бинобар ин нахоҳем тарсид, агарчи замин мубаддал шавад, кӯҳҳо дар қаъри баҳрҳо ба ҷунбиш оянд,


Сӯи Худованд дуо гӯед, то ки раъдҳои Худо ва жола хотима ёбад; ва ман шуморо равона хоҳам кард, ва шумо дигар дер нахоҳед монд».


Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, онҳоро сӯзонид; ва онҳо ба ҳузури Худованд мурданд.


Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, қурбонии сӯхтанӣ ва чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид, ва тамоми қавм инро дида, ба ваҷд омаданд, ва бар рӯи худ афтоданд.


Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак Худованд Худо оташро хонд, ки доварӣ намояд, ва вартаи азимро фурӯ бурд, ва қитъаи саҳроро сӯзонид.


Ва аломати бузурге ба амал меоварад, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурӯ меоварад.


Ва дар ӯрдугоҳ ва саҳро, ва дар миёни тамоми қавм даҳшат ҳукмфармо шуд: дастаи посбонон ва фавҷҳои харобкунандагон низ дар даҳшат афтоданд, ва замин ба ларза омад, ва даҳшати азиме аз ҷониби Худо ҳамаро фаро гирифт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan