Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 1:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Инак, ҳар чизе ки ӯ дорад, дар дасти туст, фақат ба худи ӯ дасти худро дароз накун». Ва шайтон аз пеши Худованд рафт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 1:12
17 Iomraidhean Croise  

Ва Абром ба Сорай гуфт: «Инак, канизи ту ба дасти туст; он чи писанди назари ту бошад, бо вай бикун». Ва Сорай варо ба танг овард; вай аз пеши ӯ гурехта рафт.


Вай гуфт: „Ман берун омада, рӯҳи козибе дар даҳони тамоми анбиёи ӯ мегардам“. Ва Ӯ гуфт: „Ту розӣ хоҳӣ кард ва низ муваффақият хоҳӣ ёфт; пас берун омада, чунин амал намо“.


Ва инак, алҳол Худованд рӯҳи козибе дар даҳони тамоми ин анбиёи ту гузоштааст; вале Худованд дар ҳаққи ту сухани бад гуфтааст».


Вай гуфт: „Ман берун омада, рӯҳи козибе дар даҳони тамоми анбиёи ӯ мегардам“. Ва Ӯ гуфт: „Ту розӣ хоҳӣ кард ва низ муваффақият хоҳӣ ёфт; пас берун омада, чунин амал намо“.


Аммо дасти Худро дароз карда, ба ҳар чизе ки ӯ дорад, бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».


Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарон ва духтарони Айюб дар хонаи бародари нахустзодаи худ мехӯрданд ва шароб менӯшиданд.


Магар Худо омурзишро фаромӯш кардааст? Магар марҳаматҳои Худро дар вақти хашм бас кардааст? Село.


Варо Ту баандоза сазо додаӣ, вақте ки бадар рондаӣ. Варо бо вазиши сахти Худ дур андохтаӣ, мисли он ки дар рӯзи боди шарқӣ бошад.


Ва подшоҳ Сидқиё гуфт: «Инак, ӯ дар дасти шумост, зеро ки подшоҳ бар хилофи шумо наметавонад коре кунад».


Ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар аст.


Исо ҷавоб дод: «Ҳеҷ қудрате бар Ман намедоштӣ, агар аз боло дода намешуд; аз ин рӯ он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештаре дорад».


Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.


Ва барои он ки ман ба сабаби фавқулоддагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои нихта задани ман, то ки худро баланд нагирам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan