Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест? Ва ӯ ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст, ва ҳол он ки ту Маро бар зидди ӯ барангехтӣ, то ӯро бесабаб нобуд кунам».
Ва қавм бо машаққат ва гуруснагӣ бар замин хоҳанд гашт; ва чун гурусна монанд, хашмгин шуда, подшоҳи худ ва Худои худро лаънат хоҳанд кард; ва ба боло рӯй хоҳанд овард,
Ва жолаи бузурге ки гӯё ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало бағоят сахт буд.