10 Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро Ту баракат додаӣ, ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст.
Ва аз ҳамон вақте ки ӯро ба хонаи худ ва ба тамоми дороии худ баргумошт, Худованд хонаи он мисриро барои хотири Юсуф баракат дод, ва баракати Худованд бар ҳамаи дороии вай чи дар хона, чи дар саҳро буд.
Аз Худои падарат, ки туро мадад мекунад, ва аз Қодири Мутлақ, ки туро баракат медиҳад бо баракоти осмон аз боло, бо баракоти варта, ки дар поён аст, бо баракоти пистонҳо ва батн,
Ва чорвои ӯ аз ҳафт ҳазор бузу гӯсфанд ва се ҳазор шутур ва панҷсад ҷуфт гов ва панҷсад модахар иборат буд, ва ӯ ғуломону канизони бағоят зиёде дошт; ва ин мард аз тамоми аҳли шарқ бузургтар буд.
Ва ҳамаи паноҳбарони Ту хурсанд хоҳанд шуд ва то абад тараннум хоҳанд кард, ва Ту пуштибони онҳо хоҳӣ буд, ва дӯстдорони исми Ту дар Ту шод хоҳанд шуд.
Ва Ӯ замини онро канда, аз сангҳо тоза кард, ва разҳои ангури лаъл дар он шинонид, ва бурҷе дар миёнаҷои он бино кард, ва чархуште низ дар он канд, ва Ӯ умед дошт, ки ангури хуб меоварад, валекин ангури бад овард.
Ва туро дӯст дошта, баракат хоҳад дод ва афзун хоҳад кард, ва меваи батни ту ва ҳосили замини туро, ғаллаи ту ва шираи ангури ту ва равғани зайтуни туро, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони туро бар замине ки дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, ки ба ту бидиҳад, баракат хоҳад дод.