8 Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Биистед, то бишнавам, ки Худованд дар бораи шумо чӣ амр мефармояд».
Дар ин ҷанг шумо нахоҳед ҷангид; шумо, эй Яҳудо ва Ерусалим, бархоста биистед, ва наҷоти Худовандро, ки бо шумо хоҳад буд, бубинед! Натарсед ва ҳаросон нашавед! Фардо ба муқобили онҳо берун оед, ва Худованд бо шумо хоҳад буд“».
Мисли Ту, эй Худованд, дар миёни худоён нест; ва аъмоле мисли аъмоли Ту нест.
Ва Мусо ба қавм гуфт: «Ҳаросон нашавед! Биистед ва наҷоти Худовандро бубинед, ки онро Ӯ имрӯз барои шумо ба амал хоҳад овард; зеро мисриёнро, ки имрӯз дидаед, дигар ҳаргиз нахоҳед дид.
Ва Мусо ба падарарӯси худ гуфт: «Зеро қавм назди ман меоянд, то ки аз Худо пурсон кунанд;
Ва суханони Маро ба онҳо бигӯй, хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, зеро ки онҳо исьёнгар мебошанд.
«Эй писари одам! Ман туро барои хонадони Исроил дидбон таъин намудаам, ва ту каломро аз даҳони Ман шунида, онҳоро аз Ман огоҳ хоҳӣ намуд.
Ва ӯро ба ҳабс гирифтанд, то даме ки ҷазояш бар тибқи амри Худованд ба онҳо эълон карда шавад.
Ва ӯро дар ҳабс гузоштанд, зеро ҳанӯз муайян нашуда буд, ки бо ӯ чӣ бояд кард.
Ва Мусо даъвои онҳоро ба ҳузури Худованд овард.
Ва он одамон ба ӯ гуфтанд: «Мо ба ҷасади мурда расида наҷис шудаем; пас чаро мо маҳрум аз он бошем, ки қурбонии Худовандро дар мӯҳлаташ дар миёни банӣ‐Исроил тақдим намоем?»
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Зеро каломеро, ки ба Ман додӣ, ба онҳо супурдам, ва онҳо қабул карданд ва ҳақиқатан донистанд, ки Ман аз ҷониби Ту омадаам, ва имон оварданд, ки Ту Маро фиристодаӣ.
Агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям.
Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.
Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд дар он шабе ки Ӯро таслим карданд, нонро гирифт
Зеро ки ман дар худ айбе намебинам, лекин бо ин худро сафед намекунам; ҳукмкунандаи ман Худованд аст.